Кӯмаки Ҷопон ба беморхонаи марказии Ёвон
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — 8 сентябри соли 2012 Ҳиройуки Имаҳашӣ, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷабалӣ Тағоев, раиси ноҳияи Ёвон созишномаи грантии «Лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бо таҷҳизоти тиббӣ», бо маблағи умумӣ 112.769 доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Ёвон тавассути дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия, кӯмаки худро мерасонад. Шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон ҳамасола беш аз 3000 нафар беморонро аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ва ҳамсоя қабул менамояд. Ҳамзамон таҷҳозоти тиббӣ аз соли 1970 ин ҷониб ягон маротиба иваз карда нашудааст. Шӯъба дар чунин шароити ногувор маҷбур мешавад, бо мушкилиҳои зиед хизматрасонии хуби тиббиро ба роҳ монад. Аз сабаби шароити хуб надоштани беморхона, баъзан шаҳрвандон барои гирифтани хизматрасонии хуби рохи дурро тай намуда ба шаҳри Душанбе мераванд. Бо шарофати азнавкунонии таҷҳизоти тиббӣ дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа беморхона метавонад саривақт бо хизматрасонии хуби тиббӣ шаҳрвандонро таъмин намояд. Таҷҳизоти нави тиббӣ ба монанди гастроскоп, стерилизатор ва мизи ҷарроҳи барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва иҷро намудани ҷарроҳиҳои боз ҳам душвор пешбинӣ шудааст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






