“Лидер”-ро ба Маскав даъват карданд

Сентябрь 24, 2012 13:31

Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-11 ширкати нассоҷию дўзандагии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Русия “Текстиллегпром” ба Маскав мераванд. Инҳо корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии «Гулистон», «Дилором», «Ёқут-2000», «Зинат», «Лидер», «Неку Хуҷанд», «Ноҳид», «Олим Текстайл», «Спитамен Текстайлз», «Текстил Сити» ва «ХИМА Текстайл»мебошанд, ки маҳсулоти худро дар намоишгоҳи “Текстиллегпром” ба маърази тамошо мегузоранд. 39-умин намоишгоҳи “Текстиллегпром” аз 25 то 28 –уми сентябри соли равон дар пойтахти Русия шаҳри Маскав доир гашта, он азимтарин намоишгоҳи махсус дар Русия маҳсуб мешавад. Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин намоишгоҳ дар доираи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, мегўяд, ки «иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш диҳанд, бо харидорон робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд”. Насим Каримов, мудири кулли ширкати “Текстил Сити” дар бораи таҷрибаи иштироки ширкаташ дар намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар тирамоҳи гузашта чунин гуфт: “Иштирок дар ин намоишгоҳ дар соли гузашта ба мо имкон дод, то бо ду ширкати русӣ – “Ҷинсмэйкер” ва “Швейпромсервис” шартнома бандем. Мо аллакай аз рӯи ин шартнома шим ва куртаҳои мардона ба Маскав фиристодем. Он ба мо имкон дод, то барои занони маҳаллӣ ҷойҳои корӣ фароҳам оварем. Талош дорем, ки тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои дигари нассоҷиву дӯзандагӣ ҳузури худамонро дар бозори Русия таҳким бахшем”. Дар ин ҳол Абдулло Муҳаммадиев, муовини раҳбари Иттиҳоди корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон, мегӯяд, ки Русия муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аст. Сабабаш имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоарад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳои Русия робита барқарор намоянд.” “Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 3000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 34000 нафар мерасад.

Сентябрь 24, 2012 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад