Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Сентябрь 6, 2012 15:21

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар ба истиқболи солгарди 21-уми ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 330 нафар кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои баланди низомию махсус сарфароз гардиданд.Дар оғози маросими бошукӯҳи супурдани мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои баланди низомию махсус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кулли нафарони ба ин сарфарозӣ мушаррафгардидаро табрику таҳният гуфта, онҳо ва тамоми мардуми кишварро ба таҳкими муҳаббату самимият ва ифтихору сарфарозӣ аз истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи дастовардҳои баланди давлату миллати тоҷик дар 21 соли рушди давлатдории мустақил, арзишҳою муқаддасоти таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи тоҷикон ва ба ҳифзи оромию осоиш, ободию зебогӣ ва пешрафту тараққиёти сарзамини бобоӣ-Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.Зимни маросими пурифтихори мукофотсупорӣ 330 нафар аз кормандони бахшҳои маорифу тандурустӣ, илму техника, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва ҳунар, радио, телевизион ва иттилооту коммуникатсия, энергетика ва саноат, нақлиёту роҳсозӣ, ҷавонони варзишгар ва намояндагони қариб тамоми касбу кор аз сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ бо мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатию, унвонҳои фахрӣ, аз ҷумла ордени Шараф дараҷаи 2, медалҳои Хизмати шоиста, Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.Бахши муҳими дигари мукофотсупорӣ сарфароз гардондани афсарону сарбозони низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои баланди низомӣ буд. Аз ҷумла хизматҳои шоёни таҳсин ва корнамоию шарафмандиҳои ҳафт нафари онҳо бо рутбаҳои генерал-майор қадр карда шуд. Хизматҳои пуршарафи онҳо, ҳамчунин бо орденҳои Спитамен дараҷаи 1, Спитамен дараҷаи 2, Шараф дараҷаи 1, Шараф дараҷаи 2, медалҳои Хизмати шоиста, Шафқат, Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикитон сарфароз қадрдонӣ шуд.Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва чор нафари дигар – Зулхумор Ибрагимова, Имомберди Мингбоев, Имомалӣ Раҳмонов ва Давлаталӣ Убайдуллоев унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд.Ду нафар – овозхони ансамбли «Навои Бадахшон» Душанбе Палаев ва сарояндаи ансамбли тарона ва рақси «Рухшона» Гулҷеҳра Содиқова бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ба ду нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва нӯҳ каси дигар унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон дода шуд.Панҷ нафар омӯзгорон ва кормандони хизматнишондаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсуси касбӣ ва олии кишвар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2012 сарфароз гардиданд.Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2012 ба шоир Аҳмадҷони Раҳматзод барои маҷмӯаи шеърҳои «Номаи сарво», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков барои таҳияи намоишномаи «Ишқи аввали Насриддин», Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов барои силсилаи сурудҳои «Домани имон, Ватанам», Маҳмадраҳим Каримов барои маҷмааи меъмории «Дарвозаи боғи Ирам», шоир Ҷӯра Ҳошимӣ барои маҷмӯаи шеърҳои кӯдаконаи «Бачаҳою кӯчаҳо» ва пажӯҳишгар ва адабиётшиноси маъруфи эронӣ, узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст барои рисолаи «Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон» дода шуд.Ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорат Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои 30-юми олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, парчами давлатии Тоҷикистони азизро дар он ҷо парафшон намуд, бо ордени Шараф ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи Президентӣ сарфароз гардонда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 6, 2012 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд