Мулоқоти Қ. Расулзода бо М. Антл

Сентябрь 25, 2012 09:02

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия Мирослав Антл бо ҳамроҳии як ҳайат ба вилояти Суғд ташриф овард. Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия Мирослав Антл ва ҳайати ҳамроҳонашро бо раванди созандагиву бунёдкориҳо дар вилоят ва омодагӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо шинос намуд. Мирослав Антл низ дар навбати худ бобати густариши ҳамкориҳои ҳаматарафаи судманди Тоҷикистону Чехия нақшаву ниятҳои худро баён дошт.Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия Мирослав Антл ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин аз осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ дар шаҳри Хуҷанд, осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққум боздид намуданд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Сентябрь 25, 2012 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад