Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Венди Шерман
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои сиёсӣ Венди Шерман мулоқот намуд.Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими он мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мусоҳибон дар мавриди дурнамои вазъият дар минтақа баъд аз соли 2014 мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои рушди инфрасохтор ва вусъат додани ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд. Имконияту роҳҳои ҷалби Афғонистон дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, тиҷорат ва дигар соҳаҳо дар ҷараёни мулоқот матраҳ гардиданд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






