Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини аввали раиси Ҳукумати Русия

Сентябрь 21, 2012 19:39

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар»)-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамшарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи қарибулвуқуи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкории ҳарбию техникӣ, аз ҷумла муайянсозии муҳлат ва шароити будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 ва маҷмӯи масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир карда шуд.Зикр гардид, ки лоиҳаи созишнома доир ба шароити будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 ва як зумра санадҳои дигар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, илму техника ва технология дар ҳафтаҳои наздик омода мегарданд ва зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон бояд ба имзо расанд.Ҷониби Русия бори дигар ҳавасмандии худро ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд, аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ ва хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, таъкид дошт.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба танзими масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, воридоти маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 21, 2012 19:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад