Мулоқоти Галия Рабиева бо интихобкунандагон

Сентябрь 14, 2012 10:15

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 13 – уми сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Галия Рабиева дар доираи мулоқоту вохӯриҳои худ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо аҳли заҳмати ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкур вохӯрӣ намуд. Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки миёни сокинони ҷамоати деҳоти мазкур ва намояндаи онҳо дар Маҷлиси намояндагон саволу посухҳо ва баҳсу баррасиҳо роҷеъ ба масъалаҳои гуногун сурат гирифт. Галия Рабиева зимни посух ба пурсишҳои интихобкунандагони худ таъкид дошт, ки талошҳои созанда ва фаъолонаи мардум ҷиҳати посух гирифтан ба ҳамаи савол ва пешниҳодҳои хеш яке аз омилҳои асосӣ барои таҳия ва қабули қонуну қарорҳо ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунанда ба шумор меравад. Намояндаи мардумӣ ҳадафи баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагонро таҳкими равобит байни вакил ва интихобкунанда арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки қисми зиёди пешниҳодҳои мардум ҳангоми таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳо ба инобат гирифта мешаванд, зеро бештари ин пешниҳодҳо аз зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ маншаъ мегиранд. Дар мулоқот дар баробари аҳамият ва зарурати таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин дар бораи Кодекси нави андоз, ки дар аввалҳои моҳи ҷорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, изҳори назар карда шуд. Аҳли заҳмати ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ зимни изҳори андешаҳои худ дар бораи Кодекси мазкур, ҳамзамон хушбинии хешро ба ояндаи он иброз доштанд. Масъалаҳои дигаре, ки роҷеъ ба онҳо сӯҳбат шуд, аз мавзӯъҳои марбут ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар самти тақвияти ҳамкориҳо бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ, соҳаи мактабу маориф, пардохти саривақтии андозҳо ва ба воя расонидани фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ иборат буданд. Мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

Сентябрь 14, 2012 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд