Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Чин
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар ҳошияи иштирок дар кори Ярмаракаи байналмилалии тиҷорати хориҷии Урумчӣ ЭКСПО «Чин-Авруосиё» Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Вэн Сзябо мулоқот анҷом дод.Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҷараёни амалисозии қарордодҳоеро, ки қаблан миёни ду кишвар дар бахшҳои гуногун ба имзо расидаанд, баррасӣ намуданд. Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахшҳои энергетика, сохтмони роҳҳо, коммуникатсия, тиҷорат ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳӣ хосса зоҳир шуд.Оқил Оқилов ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии ширкатҳои «TBEA» ва «Шанхай»-и Чин, ки дар Тоҷикистон ба татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар бахши энергетика машғуланд, низ дидору гуфтушунид кард.Ёдрас мекунем, ки дар ин ярмарка Тоҷикистонро КВД «ТАЛКО», ШСХК «Барқи тоҷик», КВД «Востокредмет», КВД «Хӯрокворӣ», ҶСК «Тоҷиккабел», ҶСП «Регаркабел», ҶСК «Суман», ТҶ «Парастор», ИИИ «Умед», ҶДММ «Тиниал», ҶДММ «Сомон», ҶДММ «Фортуна», ҶДММ «Рухом», ҶДММ «Евразия», ҶДММ «Чакан» ва дигар ширкатҳо намояндагӣ мекунанд. Кори ярмарка то 5-уми сентябр идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






