Мулоқоти «Созандагони Ватан» дар Сибир

Сентябрь 5, 2012 14:33

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» мулоқоти худро бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар кишвари Сибири Федератсияи Россия – шаҳрҳои Красноярск ва Иркутск фаъолият ва истиқомат доранд, баргузор намуд. Дар айни ҳол намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Новосибирск қарор доранд.Гурӯҳи корӣ дар ҷараёни сафар бо муҳоҷироне, ки дар соҳаҳои савдо, тиҷорат, сохтмон, саноат, хизматрасонӣ, маишӣ ва корҳои маъмурӣ фаъолият доранд, мулоқотҳо доир намуда, бо сатҳи зиндагӣ ва шароити кори онҳо аз наздик шинос шуд. Ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳрҳои мазкур иттилоъ доданд, ки дар вилоятҳои Красноярск ва Иркутск дар маҷмӯъ зиёда аз 35 ҳазор ва тибқи омори ғайрирасмӣ наздик ба 60 ҳазор нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Саҳми намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти тоҷикон ва марказҳои фарҳангӣ дар муттаҳид сохтани ҳамдиёрон назаррас мебошад.Маркази ҷамъияти фарҳангии тоҷикон «Пайванд» дар вилояти Красноярск (роҳбараш Ҳайдар Алимов) ва Ташкилоти ҷамъиятии вилояти Иркутск «Иттифоқи тоҷикистониён» (роҳбараш Ҳилолуддин Ширинов) дар ҳамкорӣ бо намояндагии Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир (роҳбараш Муҳаммадӣ Давлатов) то имрӯз барои беҳтар намудани шароити кори муҳоҷирон тадбирҳои гуногун андешидаанд ва дар баробари дифоъ намудани ҳуқуқи онҳо ва мусоидат барои дарёфти ҷои кору манзили зист, инчунин барои ба расмият даровардани ҳуҷҷату гирифтани иҷозатномаҳои корӣ кӯмаки амалӣ мерасонанд.Роҳбари «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов, ки аз шаҳри Новосибирск бо мо дар тамос шуд, чунин изҳор намуд: «Мо, пеш аз ҳама хушҳол аз он гардидем, ки имрӯз вазъи шароити кор ва сатҳи зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба давраҳои пеш хеле беҳтар гардида, тоҷикон ба сифати соҳибкор, роҳбари нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла фурӯшгоҳу ошхона, сартарошхонаву нонвойхона, корхонаҳои коргарди гӯшту маҳсулоти қаннодӣ, бинокорон, ронандагони нақлиёти мусофиркаш, варзишгарон фаъолият менамоянд. Касоне, ки бо оилаи худ дар Русия зиндагӣ мекунанд, фарзандонашон дар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсил намуда, чун донишҷӯёни пешсаф эътироф шудаанд. Имрӯз дар аксар иншооти сохтмонӣ роҳбарии гурӯҳҳои кориро худи тоҷикон бар ӯҳда гирифта, барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мусоидат мекунанд. Чунончи, роҳбари ҶДММ «Андар» Пӯлод Мастонов бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар бунёди иншооти маркази шаҳри Новосибирск ва атрофи он саҳми сазовор мегузорад ва коргарони ширкат дар як рӯз ба ҳисоби миёна аз якуним то ду ҳазор рубли русӣ маош мегиранд». А. Мирсаидов афзуд: «Дар ҷараёни сӯҳбатҳо аз ҷониби муҳоҷирон ба чанд масъала ишора гардид, ки боиси нигаронии онҳо шудааст, аз ҷумла баъди иваз шудани мавҷи пахши шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон имконияти тамошои барномаҳои телевизиони кишвар аз даст рафтааст. Инчунин то охир баррасӣ нагардидани ҳолатҳои ҷинояе, ки аз ҷониби миллатгароёни рус ва намояндагони дигар миллатҳо нисбат ба тоҷикон ба миён меояд, ба сифати хатари будубоши муҳоҷирон арзёбӣ гардид. Ҳамзамон ташкили хатсайри роҳи оҳани Душанбе – Новосибирск, дастрас намудани маҷаллаву рӯзномаҳои ватанӣ, аз ҷониби масъулини давлативу ҷамъиятӣ, махсусан Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таври мунтазам огоҳ гардидан аз вазъи муҳоҷирон, дар асоси ҳамкориҳои тарафайн мусоидат намудан барои ба донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намудани ҷавонони тоҷик аз зумраи пешниҳодҳои мушаххаси муҳоҷирон буд. « 6- уми сентябр бо ташаббуси намояндагии Хадамоти муҳоҷират, ҷамъияти тоҷикони вилояти Новосибирск, дастгирии маъмурияти шаҳру вилояти ин кишвар ва ҷалби ҷамъияти тоҷикони дигар минтақаҳо 21-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар фазои миллии тоҷикӣ баргузор хоҳад шуд»,- гуфт дар хотима А. Мирсаидов.

Сентябрь 5, 2012 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад