Намояндагони ҶТ дар Фестивали «World Peace Parade»

Сентябрь 19, 2012 14:20

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Фестивали байналмилалӣ бо номи «World Peace Parade» дар варзишгоҳи боҳашамати «Seoul Olympic Stadium»-и пойтахти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ- шаҳри Сеул баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар фестивал намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ширкатҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, идораву корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Ҷамъияти тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ» бо сарварии раиси он Рустамҷон Бобоев намояндагӣ мекард. Бояд қайд намуд, ки Фестивали «World Peace Parade» бори шашумин аст, ки дар ин кишвар доир мегардад ва бори нахуст намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок доштанд. Дар фестивал аз сӯи ташкилкунандагони чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ, рақсу суруд ва намоишҳои диданӣ ба роҳ монда шуда буд.

Сентябрь 19, 2012 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад