Оғози даври дуюми эмкунӣ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар Маркази саломатии шаҳрии №1 даври дуюми рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак оғоз гардид.Дар кушодашавии чорабинӣ муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова ва намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Сафорати Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.Дар ин чорабинӣ қайд гардид, ки бо мақсади пешгирии бемории гулӯзиндонак аз 24 то 29 сентябри соли ҷорӣ дар байни аҳолии аз 7 то 21- сола эм гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ марҳилаи аввали ин чорабинӣ барои кӯдакони синни аз 3 то 6- сола гузаронда шуда буд. Даври сеюми он аз 29 октябр то 3 ноябри соли ҷорӣ байни аҳолии аз 13 то 21- сола баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Федератсияи Русия барои гузаронидани ин чорабинӣ тавассути ЮНИСЕФ 1 миллион доллари ИМА кӯмак расонид, ки он ба ҳиссаи 5 миллион сомонии барои ин чорабинӣ ҷудо кардаи Ҳукумати Тоҷикистон илова шудааст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






