О. Оқилов: «Тамоми диққат-ба зимистонгузаронӣ!»

Сентябрь 19, 2012 15:12

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаи зимистонгузаронӣ дар вилояти Хатлон баргузор шуд. Дар машварат ҳолати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мантазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2012- 2013» ва нақшаи чорабиниҳои вобаста ба он дар қаламрави вилояти Хатлон муҳокима гардид. Оқил Оқилов роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятиро вазифадор кард, ки иҷрои қарори мазкурро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, барои самарабахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои зарурӣ андешанд. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов таъкид кард, ки барои бемушкилӣ гузаронидани давраи зимистони дар пешистода дар навбати аввал бояд ба беҳдошти соҳаи энергетика, таъмиру барқарорсозии иншооти муҳими саноативу иҷтимоӣ, таъмини захираи кифояи сӯзишвории дизелию ангиштсанг ва маҳсулоти кишоварзӣ, таъмири роҳу кӯпрукҳо ва хатҳои барқу алоқа диққати зарурӣ дода шуда, фаъолияти ситоди вилоятии зимистонгузаронӣ ба таври самарабахш ба роҳ монда шавад.

Сентябрь 19, 2012 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад