«Рӯзи моҳӣ»
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти директори КВД «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров, дар моҳҳои январ- августи соли 2012 хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 236 тонна моҳӣ сайд намуданд.Ба иттилои манбаъ, хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон дар ин муддат аз ҳама бештар – 160 тонна моҳӣ сайд намуданд. Дар ин давра дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд 60 тонна, ВМКБ -13, ноҳияи Ваҳдат- 2 ва ноҳияи Рӯдакӣ ба андозаи 1 тонна моҳӣ сайд карда шудааст.«Бо вуҷуди он ки гӯшти моҳӣ барои саломатии инсон фоидаи зиёде дорад, аммо мардум ба хӯрдани ин гӯшти парҳезӣ чандон одат накардаанд. Одамон дар як моҳ камаш 2-3 рӯз бояд хӯроки худро аз гӯшти моҳӣ омода созанд, ҳеҷ набошад, дар як моҳ як рӯзро чун «рӯзи моҳӣ» эълон дошта, танҳо хӯроки аз гӯшти моҳӣ тайёршударо истеъмол намоянд»,- афзуд А. Ғафуров. Ин дуруст аст, ки агар талабот ба гӯшти моҳӣ зиёд шавад, истеҳсоли моҳӣ низ дучанд зиёд хоҳад шуд.То 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар се вилояти ҷумҳурӣ 116 гектар ҳавзи моҳипарварӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 105 гектари он ба хоҷагиҳои моҳипарвари вилояти Хатлон мансуб аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






