Роҳандозии «Маркази ҷадиди омӯзишӣ»

Сентябрь 12, 2012 09:33

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Рӯҳуллоҳ). – Ҳамакнун Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон тасмим дорад, дар вилояти Суғд “Маркази ҷадиди омӯзишӣ” барои ҷавонписаронро роҳандозӣ кунад. Дар ин бора Саидҷалоли Разавӣ раҳбари кумитаи мазкур дар як нишасти матуботӣ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон иттилло дод. Номбурда гуфт, ки дар расми ифтитоҳи он Ҳусайни Анворӣ, сарпарасти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, иштирок мекунад. «Дар марказ ба ҷавонон касби кафшергарӣ, устои таъмири барқ ва сангтарош омӯзонида мешавад. Ва оғои Анворӣ бо зиёда аз 600 нафар коромӯзони кумитаи имдод дар шаҳру навоҳии гуногуни вилояти Суғд мулоқот анҷом хоҳад дод»,-гуфт С. Разавӣ. Зимнан ба иттиллои роҳбари кумитаи мазкур дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа 14 сентябр дар «Хонаи Эрон», воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкардаи хонаводаҳое, ки таҳти сарпарастии Кумитаи имдод қарор доранд, баргузор гардида, ҷашни бошукӯҳи тавонмандсозии 1000 нафар аз хонаводаҳое, ки таҳти ҳимояти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ қарор доранд, доир мешавад. Эҳтимол аст, пас аз баргузории ин чорабинӣ Саидмаҳдии Ибодӣ намояндаи дигари Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳбарии бахши тоҷикистонии ин кумитаро ба ӯҳда гирад. Густариши робитаҳои ҳамаҷонибаи ҳамкории Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ бо Тоҷикистон мӯҳтавои ин сафар буда, тибқи барнома мулоқоти Ҳ. Анворӣ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар назар аст.

Сентябрь 12, 2012 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад