С. Сафаров: «Истиқлолият-вобаста набудан ба дигарон аст»
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар»)- Имсол ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон 21 сол пур мешавад. Албатта, дар давоми ин солҳо мо ба мақсаду ҳадафҳое, ки тӯли чандин сол дар зеҳни худ доштему пайи амалӣ гардидани он талош мекардем, расидем ва барои як навъ такмил бахшидан ба ин муваффақиятҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Инак, дар робита ба таҷлили ин ҷашни муқаддаси миллӣ — 21- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» Афшини Муқим бо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров сӯҳбат орост, ки фишурдаи онро ҳаволаи диди шумо мегардонем. ——Шумо ҳамчун сиёсатшинос мафҳуми истиқлолиятро чӣ гуна шарҳ медиҳед?—-Мафҳуми истиқлолият – мустақил будан дар ҳалли масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ифода мекунад. Дар дохили мафҳуми истиқлолият метавонад даҳҳо истиқлолияти дигар ба сифати мафҳуми фалсафиву сиёсӣ ҷой дошта бошад. Чунончи, мо имрӯз тибқи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишварамон барои истиқлолияти энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва озуқаворӣ мубориза мебарем. Албатта, бояд дар ин самт ҷаҳд намоем, то дар соҳаҳои мазкур мустақилияти комилро ба даст оварем. Ҳарчанд алъон дар замони ҷаҳонишавӣ, ки аслан имкони комилан мустақил будан тақрибан вуҷуд надорад, аммо мо бояд саъй кунем, то ба дигарон вобастагии камтар дошта бошем. Бояд гуфт, ки дар ин самт баъзе стратегияҳои давлатии мо, ки то имрӯз амалӣ шудаанд, мусоидат менамоянд. ——Шумо таҳти мафҳуми «стратегияҳои амалишуда» чиро дар назар доред?——Пеш аз ҳама бояд дар бораи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳарф зад, зеро бо сохта ба истифода додани роҳу нақбҳо мо тавонистем аз чунин бунбаст раҳоӣ ёбем. Ба ғайр аз ин, мо аз лиҳози алоқаҳои мобилии телефонӣ низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидем, зеро дар дохили кишвар хатти нахи нурие васл шудааст, ки нисбат ба имкониятҳое, ки имрӯз Тоҷикистон дар самти истифодаи алоқаҳои мобилӣ дорад, се маротиба пурқувваттар аст. Ҳамчунин дар соҳаи энергетика низ то андозае мустақилият ба даст овардем. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки ВМКБ, махсусан шаҳри Хоруғ ва минтақаҳои атрофи он дар ҳамаи фаслҳои сол бо қувваи барқ таъмин мешаванд. Як нукта қобили зикри хос аст, ки пас аз баромадани Ӯзбекистон аз низоми барқии Осиёи Марказӣ мо тавонистем роҳи ба худ хос ва ба манфиати хешро интихоб намоем. Бо шарофати дурандешии роҳбарияти олии кишвар мо се сол қабл аз ин ҳодиса сохтмони хатти баландшиддати барқии шимол – ҷанубро оғоз намудем ва низоми ягонаи таъмини барқ дар кишварро ташкил намуда, ба ин васила аз фишори ҳамсоякишварҳо озод шудем. Масъалаи дигар – ин таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат аст, ки дар ин масъала баъзе мушкилот ҷой доранд. Ҳарчанд мо маҳсулоти ғизоиро бештар дар дохили кишвар истеҳсол мекунем, аммо то имрӯз дар маҷмӯъ 80%-и маҳсулоти мавриди ниёзи худро аз хориҷи кишвар ворид менамоем. Гуфтан мумкин аст, ки бо истифода аз тамоми шароиту имконоти мавҷуда метавонем кишварро аз лиҳози озуқаворӣ низ таъмин намоем. ——Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ халқи тоҷик то чӣ андоза ба истиқболи истиқлол омода буд?——Ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки истиқлолият барои тоҷикон муфт ба даст омадааст, аммо бояд гуфт, ки ғояи мубориза барои мустақилият таърихан дар шуури халқи тоҷик ҷой дошт ва миллати тоҷик аз азал мардуми озодихоҳу озодипараст буд. Умуман, фалсафаи таърихи моро мубориза барои озодӣ ва истиқлолият ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ин мубориза ба мо пеш аз ҳама давлатдориро дод ва барои соҳиб шудан ба ин давлатдорӣ халқи тоҷик омода буд. Аввалан, маҳз бо шарофати Инқилоби Октябр давлати тоҷикон дар шакли хоси худ ҷудо шуд ва ин ба он оварда расонид, ки баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ давлати Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намояд. Албатта, ин иродаи худи халқ буд ва эъломияи истиқлолият ба тамоми ҷаҳон аз соҳибистиқлолии давлати тоҷикон паём дод. ——Истиқлолият дар самти ягонагӣ ва сарҷамъии миллат чӣ гуна нақш дорад?——Аслан мафҳуми Ваҳдати миллӣ бидуни истиқлолият барои ҳамагон равшану возеҳ нест, зеро маҳз истиқлолият хаст, ки ин ё он давлат наметавонад дар кишвари мо сиёсати «тақсим кун ва ҳукм фармо»-ро пеш барад. Аз ин лиҳоз, ҳатто дар ҳолати ба миён омадани ин ё он нофаҳмӣ ё низоъ дар ҳудуди кишвар давлат роҳҳои мусолиҳатомези ҳалли масъаларо пайдо намуда, он мушкилро мустақилан бартараф менамояд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо ҳодисаҳоеро, ки дар солҳои наздик дар водии Рашт ва ба наздикӣ дар Бадахшон ба вуқӯъ омаданд, мисол овардан мумкин аст. Воқеан давлати Тоҷикистон тавонист бе мудохилаи ин ё он кишвар ин мушкилоти пешомадаро бартараф намояд. Гарчанде, ки ҳавасмандони фаъолгардонии сепаратизм дар ҳудуди кишвар хеле зиёданд. Аз ин нигоҳ низ мардуми тоҷик бояд дар масъалаи таъмини ваҳдати миллӣ ҳушёр бошад ва аз нифоқангезиҳои душманони хориҷии миллат ҳазар кунад. ——Истиқлолият ба шуури сиёсии мардуми тоҷик чӣ гуна таъсир гузошт? ——Бояд гуфт, ки халқи тоҷик дар даврони ҳукмронии Аморати Бухоро шуури ғуломонаи сиёсиро ба худ касб карда буд ва агар саҳфаи таърихи онвақтаро варақгардон кунем, ба ҷуз шӯриши Восеъ дигар ҳеҷ ҳодисаеро пайдо карда наметавонем, ки дар он халқи тоҷик аз манфиатҳои худ ҳимоят хоставу талаби озодӣ намуда бошад. Аммо дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон сафи ҷонибдорони демократия ва қувваҳои озодихоҳ афзуд ва ин қувваҳо ҳарчанд чандон муваффақ набуданд, аммо барои озодии худ ва миллати тоҷик мубориза мебурданд. Фикр мекунам, талошҳои эшон дар охир натиҷа дод ва Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба даст овард. Ҳарчанд шуури сиёсии мардуми тоҷик дар солҳои мустақилият нисбат ба даврони Аморати Бухорову Иттиҳоди Шӯравӣ тафовути зиёд дошта бошад ҳам, аммо он ҳоло низ дар сатҳе нест, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва умуман ҷаҳони муосир мехоҳад, зеро бояд халқи тоҷик истиқлолиятро ҳамчун ғояи миллии худ қабул намуда, ҷиҳати ҳифзи он камар бандад. Ҳифозати истиқлолият низ дар ҳоле ба вуқӯъ меояд, ки шуури сиёсии мардум боло гирад. ——Давлати Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардидан сиёсати дарҳои бозро пеш гирифт. Бигӯед, ки ҳадаф аз рӯ овардан ба ин сиёсат чӣ буд ва ин сиёсат дар давоми беш аз 20 соли соҳибихтиёрӣ ба Тоҷикистон чӣ дод?——Агар мо сиёсати дарҳои бозро пеш намегирифтем, бояд тибқи сиёсати якқутбаи хориҷӣ амал менамудем ва он танҳо ба як кишвар вобастагӣ медошт. Фикр мекунам, чунин мавқеъ барои рушди иқтисоду фарҳанг ва дар маҷмӯъ барои таҳкими истиқлолияти мо чандон мувофиқат ва мусоидат намекард. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти олии кишвар ба хулосае омад, ки мо бояд сиёсати бисёрсамтаи хориҷиро дошта бошем. Ҳамин тавр, ин сиёсат муваффақ гардид ва мо тавонистем, ки на танҳо бо Русия, ки шарики стратегии мо буд ва ҳаст, балки бо мамолики минтақа, аз қабили Чин, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва дигар давлатҳо муносибати дӯстона, бо кишварҳои исломӣ ва Аврупои ғарбӣ равобити хубу густурда ва инчунин бо ИМА, ки яке аз кишварҳои абарқудрати олам маҳсуб меёбад, ҳамкории фарох дошта бошем. Маҳз тавассути роҳандозии чунин сиёсат мо тавонистем, ки бо аксари кишварҳои рӯи олам дар ҳамкорӣ бошем ва аз имкониятҳои онҳо барои пешрафти давлату миллати худ истифода кунем. ——Истиқлолият дар оянда пешорӯи мо кадом вазоифро мегузорад?——Қабл аз ҳама, истиқлолият дар пеши мо вазифа мегузорад, ки стратегияҳоеро, ки давлат муайян ва қабул кардааст, бо маънои томаш амалӣ намоем, то мо аз лиҳози энергетикӣ ва озуқаворӣ мустақилияти комилро ба даст орем ва аз нуқтаи назари коммуникатсионӣ низ бояд мардуми тамоми манотиқи кишвар дар чор фасли сол тавонанд бо ҳам рафтуо ва иртибот дошта бошанд. Инчунин дигар вазифае, ки истиқлолият ба иҷрои он моро водор мекунад, ин ҳамқадами ҷаҳони муосир будан ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ, инчунин одобу ахлоқи ҳамида мебошад. ——Чун мо дар арафаи 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, фурсатро ба шумо медиҳем, то таманниёти худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз намоед. ——Тамоми мардуми азизи кишварро ба муносибати 21-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барои эшон хушбахтӣ, сарбаландӣ ва комрониву саодатмандиро таманно мекунам. —-Ташаккур барои сӯҳбат! Мусоҳиб: Афшини Муқим