С. Стивенсон: «Он чи дидем, қобили таҳсин буд…»
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Струан Стивенсон мефаҳмонад, ки чаро ӯ ба наздикӣ дар раъси як гурӯҳи аъзои Парлумони Аврупо бо мақсади шиносоӣ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон сафар кард. Ин тобистон ман ба Тоҷикистон (Осиёи Марказӣ) ҳамчун роҳбари ҳайати хурди аъзои Парлумони Аврупо сафар кардам. Ҳайати мазкур дар назди худ вазифа гузошт, ки талошҳо оид ба назорати маводи нашъаовар ва мубориза бар зидди терроризмро дар сарҳади кишвар бо қисмати шимолии Афғонистон омӯзад. Бештар аз нисфи аҳолии 7,7 миллион-нафараи ин мамлакате, ки дар кӯҳҳои баланди Помир қарор дорад, аз ҳисоби на беш аз 2 доллар дар як рӯз зиндагӣ мекунад ва аксарият дар хориҷи кишвар заҳмат кашида, барои хӯронидани оилаҳои камбизоати худ қисмати бештари маошашонро ба Ватан мефиристанд. Тибқи баъзе маълумотҳо, чунин интиқолҳои пулӣ 45% маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Чунин сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистонро дар назди гурӯҳҳои ҷинояткор ва террористон, ки мекӯшанд, то сарҳади 800-милаи онро бо Афғонистон барои таҳвили ҳероин ба кишварҳои ғарбӣ истифода баранд, осебпазир мегардонад. Раёсати СММ оид ба мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ эълон менамояд, ки ҳар сол қариб 30% содироти нашъаи истеҳсоли Афғонистон бо роҳи қочоқ тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қисмати зиёди он аз тариқи Тоҷикистон интиқол меёбад. Зимни таваққуфи якуми мо дар пойтахти Тоҷикистон ш. Душанбе мулоқоти дусоата бо Президенти бонуфузи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барпо гардид. Президент Э. Раҳмон талош меварзад, то кишварашро аз камбизоатӣ тавассути ҷалби сармоягузориҳо ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ба монанди татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар дарёи Вахш, ки ба мусоидат ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ равона гардидаанд, раҳоӣ бахшад. Аммо кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқи рушди устувор доимо бинобар ҷараёни маводи мухаддир аз ҷониби ҳамсояи наздиктарини он камсамар мегарданд. Президент Раҳмон аз кӯмаки молиявии Ғарб ба Тоҷикистон миннатдор аст, вале ӯ ҳис мекунад, ки мубориза ба муқобили қочоқчиён дар бештар ҳолатҳо ба эътибор гирифта намешавад ва агар бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва терроризм муқовимати муассир бурда нашавад, миллиардҳои кӯмаки Ғарб, ки ба иқтисодиёти Афғонистон сафарбар карда мешаванд, исроф мегарданд. Кӯмаки байналмилалии нокифояе, ки ба Тоҷикистон расонида мешавад, ҳаётан муҳим аст. Дастаи ман аз маркази нави кинологӣ дар ш. Душанбе боздид кард, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид дар ҳошияи барномаи БОМКА маблағгузорӣ шуда, дар он то 25 саг ва кинологро барои дарёфти нашъа пеш аз расидани он ба Аврупо омода месозанд. Методҳое, ки ба мо нишон доданд, оддӣ ва самаранок буданд. Маркази БОМКА акнун имконият дорад, то курсҳои омодасозии сагҳои кинологӣ ва ташхисро дар Қазоқистон ва Ӯзбекистони ҳамҷавор гузаронад. Масъалаи калидӣ он аст, ки бояд захираҳои мавҷуда ба таври муассир бо шарикони минтақавие, ки алайҳи шабакаи интиқоли ҳероин дар сари ҳар қадам мубориза мебаранд истифода шаванд. Пас аз ин мо бо чархбол чандсад километр қад-қади дарёи Панҷ ба пули дар Панҷи поён дар назди сарҳад бо Афғонистон, ки ба қарибӣ сохта шуда буд, парвоз намудем, то чораҳои мубориза алайҳи терроризм ва назорати маводи мухаддирро дар маҳал мушоҳида кунем. Моро генерал Шералӣ Мирзо, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон пешвоз гирифта, бо иншоотҳои сарҳадӣ, олоти бузурги ташхисии Siemens X-Ray, ки барои дарёфти нашъаи пинҳонӣ дар мошинҳои боркаш ва сабукрав истифода мешавад, ошно сохт. Дар он ҷо мо купруки нави 700-метраро, ки ду сол қабл аз ҷониби амрикоиҳо сохта шуда буд, убур карда, тавассути нуқтаи пулемёт ва техникаи зиреҳпӯш ба қисми амниятии афғонӣ расидем. Генерал Шералӣ Мирзо моро ба ҳамтоёни афғони худ муаррифӣ намуд ва онҳо якҷоя ба мо дар бораи ҳамкории зиче, ки барои мубориза алайҳи қочоқчиёни нашъа зарур аст, маълумот доданд. Онҳо гуфтанд, ки танҳо ду рӯз пеш ҳангоми тирандозии дутарафаи шабона бо гурӯҳи нашъаҷаллобон ду қочоқчӣ кушта шуда, панҷ килограмм ҳероин ва чанд силоҳи автоматӣ мусодира карда шуданд. Генерал Шералӣ Мирзо гуфт, ки то ҳоло дар ин сол онҳо шаш тирпарронии монанд доштанд, ки натиҷаи онҳо мусодираи беш аз панҷ тонна маводи мухаддир буд ва аксари онро ҳероин ташкил медод. Дар 12 соли гузашта ҳарду ҷониб беш аз 73 тонна нашъаро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусодира кардаанд, аз ҷумла 31 тонна ҳероин ва 24 тонна афюн. Афсароне, ки мо бо онҳо вохӯрдем, фахр мекарданд, ки талошҳо ва ҳушёрии онҳо дар яке аз хавфноктарин сарҳадҳои ҷаҳон тақрибан 1,4 млрд. долларро боз дошт, ки метавонист ба дасти ҷинояткорони муташаккил афтад. Бо вуҷуди он, ки талошҳои муттаҳиде, ки аз ҷониби мо дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мушоҳида карда шуданд, таъсирбахш буданд, онҳоро бо захираҳои муассир ва мақсаднок дастгирӣ намудан лозим аст, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ расонида мешаванд, то таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди асбобҳои рентгенӣ, дастгоҳи мониторинг ва дурбини шабона таъмин гардад.То он лаҳзае, ки мардум дар кишварҳои ғарбӣ нашъаи ба мисли ҳероинро дар ҳаҷми калон харидорӣ мекунад, истеҳсолгарон дар Афғонистон бо гурӯҳҳои байналмилалии ҷинояткор ҷиҳати таъмин ва интиқоли он тавассути кишварҳои ба монанди Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳанд намуд. Нерӯҳои маҳаллии амниятӣ дар роҳи манъи интиқоли ҷараёни мухаддирот тавассути сарҳадот ҷасорати бузургро барои ҳамкорӣ нишон доданд. Мо дар Ғарб бояд барои кӯмак дар татбиқи вазифаи онҳо омода бошем. Струан Стивенсон, вакили Парлумони АврупоСтруан Стивенсон узви гурӯҳи консервативӣ дар Парлумони Аврупост. Ӯ як ҳайати хурди аъзои Парлумони Аврупоро зимни сафар ба Осиёи Марказӣ аз 14 то 18 июл бо мақсади омӯзиши талошҳо дар роҳи назорати маводи нашъаовар ва мубориза алайҳи терроризм дар сарҳади байни қисмати шимолии Афғонистон ва Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.Маҷаллаи “The Parliament” аз 3 сентябри соли 2012 (нашри 353)