Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон вафот кард

Сентябрь 3, 2012 13:57

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Вазиров баъди бемории тӯлонии қалб 2 сентябр дар шаҳри Боку вафот кард. Тавре ки дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Зокир Вазиров мубталои сактаи майна гардида, дар яке аз дармонгоҳҳои пойтахти Озарбойҷон муолиҷа мешуд. Ҷасади Зокир Вазиров дар вақти наздиктарин ба шаҳри Душанбе оварда мешавад. Зокир Вазиров 5 майи соли 1948 дар ноҳияи Тавилдараи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Доктори илми фалсафа, профессор, мутахассиси соҳаи фалсафаи иҷтимоии Ислом ва иқтисодиёт мебошад. Беш аз 200 асари илмӣ дорад. Марҳум аз соли 2005 то соли 2007 дар мансаби вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иҷрои вазифа менамуд. Соли 2008 Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шуда буд.

Сентябрь 3, 2012 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад