Суръати баланд — омили маргзо

Сентябрь 28, 2012 15:01

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода) Мувофиқи хабари Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи мошини тамғаи «Opel Astra» Абдуҷалол Каримов, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Ҷиргатол дар километри 210-ум суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, аз ӯҳдаи идораи он набаромада, ноболиғон Муҳаммади Мустафо, соли таваллудаш 2003, сокини деҳаи Зарафшони ҳамин ноҳия ва Идибек Хушвахтов, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамон деҳаро пахш намуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар натиҷа ноболиғон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Сентябрь 28, 2012 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад