Тақвияти робитаи мустақими вакил ва интихобкунанда

Сентябрь 11, 2012 15:01

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Аз 10 – ум то 21 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани мулоқот бо интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар мекунанд. Дар доираи ин вохӯриҳо имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова ва Шарофиддин Сироҷов дар шаҳру ноҳияи Ҳисор бо интихобкунандагон ва фаъолон вохӯриҳо анҷом доданд.Намояндагони мардумӣ дар ҷараёни ин мулоқот дар баробари ба интихобкунандагон пешниҳод намудани маълумот роҷеъ ба фаъолиятҳои намояндагии худ, ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба илму маориф, аз ҷумла ҷалби ҷавонону духтарон ба таҳсил, иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар замири онҳо, ҳифзи марзу буми Ватан таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон тақвияти робитаи мустақим байни вакил ва интихобкунанда мебошад. Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар бораи дастовардҳо ва пешрафтҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 21- соли соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, изҳори назар карда шуд. Вакилони Маҷлиси намояндагон тарбия ва ба воя расонидани мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби ҷавонони болаёқатро омили асосии инкишофи соҳаҳои гуногуни кишвар арзёбӣ карда, ҳамзамон зикр намуданд, ки пешрафти ҳамаи соҳаҳо, пеш аз ҳама ба тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибмаълумот будани онҳо алоқамандии зич дорад. Намояндагони мардумӣ аз сиёсатҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар бахши ҷавонон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки раёсати олии кишвар таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба ҷавонон ва ояндаи онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар ин замина Барнома ва Консепсияҳоро таҳия ва қабул кардааст, ки ин барои боз ҳам беҳтар шудани шароити зисту таҳсили ҷавонон мусоидат менамояд. Ҷавонон ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ бояд бо рафтори намунавӣ, ахлоқи ҳамида ва таҳсили хубу аъло посухи сазовор диҳанд. Намояндагони мардумӣ ҳамчунин бо интихобкунандагони худ дар ҷамоатҳои деҳоти Шаҳраки Ҳисор, Деҳқонобод, Дурбат, Сомон, Навобод, Ориён, Шарора, муасисаҳои таълимиву тиббӣ вохӯриҳо анҷом медиҳанд. Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

Сентябрь 11, 2012 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд