Тоҷикистону Чехия робитаҳои парлумониро тавсеа мебахшанд
Душанбе, 26 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки ояндаи наздик байни палатаи болоии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси миллӣ ва Сенати Чехия гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ таъсис дода хоҳад шуд». Дар робита ба ин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқоташ бо ҳайати Сенати Чехия, ки таҳти сарварии Мирослав Антл бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, масъалаи мазкурро пешниҳод намуд. Ин тадбир бобати пиёда сохтани мақсадҳои наҷиб барои таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои ҳасанаи байнипарлумонӣ андешида шудааст. Раиси палатаи болоии парлумонии мамлакат ташрифи ҳайати парлумонии Чехияро ба Тоҷикистон иқдоми нек арзёбӣ кард ва гуфт, ки он ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ саҳифаҳои навро боз хоҳад кард. Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳайати парлумонии Чехия оид ба сохтор ва фаъолияти Маҷлиси миллӣ маълумоти муфассал ирсол намуд ва иброз дошт, ки тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ байни ҳар ду давлат ба таҳкими робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистону Чехия дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, ки ба манфиати тарафайн равона шудааст, нақши муассир мегузорад. «Ҳадафи асосии сафари ҳайати чехӣ ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар аст», гуфт раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Сенати Ҷумҳурии Чехия Мирослав Антл.Намояндаи парлумони Чехия изҳор дошт, ки сенаторони Чехия баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва бахусус тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чехия пайваста саъй хоҳанд намуд. Аъзои ҳайати Сенати Чехия аз сатҳи муносибот ва ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуданд, ки сайёҳони чехӣ ба манзараҳои нотакрори табиати Тоҷикистон рағбат дошта, рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи туризм афзал мешуморанд. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон атрофи масоили таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуб – терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир табодули назар карданд.Аз шўъбаи робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум гузашт.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






