Вакилони парлумон ба фаъолият шурўъ мекунанд
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 1 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми палатаи поёнии парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон даъвати чорум оғоз меёбад. Аз палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон маҷмўи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишварро матраҳ хоҳанд кард. Дар ҷаласа баррасии лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо дар назар аст. Бояд тазаккур дод, ки вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат аз 2 июл то 15 августи соли равон дар таътили тобистона қарор доштанд. Дар зарфи якуним моҳ- аз 15 август то охири сентябр вакилон дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо интихобкунандагон ва мардум доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа мулоқот анҷом доданд.9.53.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






