Қонуне, ки фаъолияти савдоро ба танзим медарорад

Октябрь 15, 2012 11:37

Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-уми октябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси палатаи поёнии парлумон доир гардид, лоиҳаи як силсила қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар муосидат менамоянд, баррасӣ гардид. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, аъзои Шўро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима карданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи ин қонун бо мақсади асоснок ва воқеӣ истифода бурдани тадбирҳои танзими давлатии савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба танзими савдои чакана, ҳимояи бозори молҳо ва хизматрасониҳои таъиноти истеъмолӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таъмини интиқоли озоди молҳо ва хизматрасониҳои таъиноташон истеъмолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.Тазаккур дода шуд, ки бобҳои алоҳидаи лоиҳаи қонуни мазкур ба назорати давлатӣ ва санҷиш дар соҳаи савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, гузаронидани санҷишҳо, масъалаҳои коргузорӣ, таъминоти кадрӣ, талаботи умумӣ ба кормандон, таълими тахассусии онҳо, омодагии касбӣ ва ҳамчунин гузаронидани муоинаи тиббӣ бахшида шудааст.

Октябрь 15, 2012 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд