Ҳайати Тоҷикистон дар ҷашнвораи Низомии Ганҷавӣ

Октябрь 2, 2012 13:55

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 1 октябр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку чорабинӣ ба ифтихори 870 — солагии шоири бузурги Озарбойҷон, файласуф, мутафаккири ва классики адабиёти форсу тоҷик Низомии Ганҷавӣ оғоз ёфт. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ роҳбарӣ мекунад. Мавсуф дар ҷаласаи умумӣ дар шаҳри Боку ва дар ватани шоири бузург — шаҳри Ганҷа маърӯза мекунад. Хотирнишон менамоем, ки Абӯ Муҳаммад Илёс ибни Юсуф Низомии Ганҷавӣ дар қарни 12 дар шаҳри Ганҷа зиндагӣ ва эҷод мекард. Ӯ ба ҳайси яке аз шоирони маъруфтарини асри миёнаи машриқзамин дар ашъори худ эҷодиёти даҳанакии халқиро ба таври фаровон мавриди истифода қарор додааст.Эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ ба бисёр шоирони бузург таъсир расонидааст. Асари машҳуртарини ӯ «Хамса» ба шумор рафта, қаҳрамонони достонҳои вай Хусрав ва Ширин, Лайли ва Маҷнун ва ғайра то имрӯз дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат дошта ва вирди забонанд.Созмони ЮНЕСКО ба ифтихори 850 солагии шоир соли 1991 –ро соли Низомии Ганҷавӣ эълон карда буд.

Октябрь 2, 2012 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад