Ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи нафту газ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Дар айни замон дар ҷумҳурӣ дар соҳаи кашф, истихроҷ ва коркарди нафту газ ҶСК «Газпром», ширкати байналмилалии «Кӯлоб Петролеум Лимитед», ширкати муштараки тоҷикистониву швейтсариягии ҶМСП «Сомон Ойл», ширкати тоҷикистониву австриягӣ ҶМММ «Петролеум Суғд», ҶММ «Салоса», ҶММ «Азизӣ-1», ҶММ «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶММ «Ҷалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурмалик» ва ҶДММ «Абадӣ» фаъолият доранд. Тибқи Созишнома дар натиҷаи корҳои омӯзиши сейсмоиктишофии саҳроӣ, 7 декабри соли 2010 ҶСП «Газпром Зарубежнефтегаз» дар чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав №1п» майдони нафтии Сариқамиш пармакуниро оғоз намуд. Умқи лоиҳавии чоҳ 6300 метр буда, пармакунӣ то чуқурии 4919 метр расонида шудааст. Ширкати байналмилалии «Кӯлоб Петролеум Лимитед» дар чоҳи № 20-и кони Патинак корҳои таъмири асосӣ ва ҷорӣ гузаронида, истихроҷи нафту газро ба роҳ монд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз чоҳи мазкур ба миқдори 2674 тонна нафт, 42 ҳазор м3 гази табиӣ ва ҳамагӣ аз 15.10.2011 то 30.09.2012 дар ҳаҷми 6790 тонна нафт ва 503,2 ҳазор м3 гази табиӣ истихроҷ шудааст. Дар айни замон дар чоҳҳои шумораи 65 ва 21 корҳои барқарорсозӣ ва таъмири асосӣ идома дорад. Ширкати «Сомон Ойл» дар 9 моҳи соли ҷорӣ корҳои омӯзиши геологӣ-сейсмоиктишофиро дар майдонҳои «Ғарбӣ» ва «Шимолу Ғарбӣ»-и вилояти Суғд бо усули МОГТ – 2Д аз аввали корҳо дар ҳаҷми 1330,29 км. тӯлонӣ ба анҷом расонид. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои саҳроии сейсмоиктишофӣ лоиҳаҳои чоҳҳои ҷустуҷӯии № 1 Чкаловск ва Суфатоғи ғарбӣ таҳия шуда, барои пармакунӣ пешниҳод шудааст. Дар айни замон барои корҳои пармакунӣ байни ширкатҳои хориҷию ватанӣ озмун эълон шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиоъ дода шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






