Ҳолати ҷангалзор беҳтар мешавад

Октябрь 2, 2012 15:18

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор ва хоҷагиҳои зертобеи он дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳо ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012» ва дар доираи Барномаҳои давлатии «Рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз он барои солҳои 2005-2014», инчунин дар асоси нақшаҳои истеҳсолии тасдиқгардидаи соли 2012 корҳои зиёдро ба сомон расониданд. Дар самти асосии соҳа, бунёду барқароркунии ҷангалзор аз тарафи хоҷагиҳои зертобеъ дар майдони 1614,4 га корҳо иҷро шуданд, ки аз он дар 591 га тухмии дарахтон кишт шуда, 1023,4 га ниҳоли дарахтону буттаҳо шинонида шуд. Аз миқдори умумии заминҳои бунёдгардида барои беҳдошти чарогоҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал дар майдони 244 га тухмии саксаул кишт шуд, ки он дар Муассисаи хоҷагиҳои ҷангали вилояти Суғд -64 га, ба номи Н. Ҳувайдуллоев- 80 га, дар ноҳияи Шаҳритус-40 га ва дар ноҳияи Қубодиён 60 гектарро ташкил медиҳад. Инчунин дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара аз тарафи 31 хоҷагии зертобеи муассиса дар майдони 818,5 га кабудизоркунӣ гузаронида шуд, ки дар ин маърака ба миқдори 216757 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан шинонида шуда, 705 кг тухмии бодоми талхдона кишт шудааст.

Октябрь 2, 2012 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад