Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2012 ва вазифаҳои минбаъдаи он баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинахӯҷа Саидов иштирок дошт.Дар ҷаласа маърӯзаи муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Саидғуфрони Абдулло оид ба ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2012 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сол шунида шуда, гузориши сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот дар шаҳри Душанбе, инчунин раёсати вилояти ВМКБ оид ба танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори иловагии меҳнат, ҷараёни касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар давлати мо будубош менамоянд, шунида шуд. Дар интиҳо иштирокчиён оид ба беҳтар намудани самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва тақвияти ҳамкориҳо бо ҷамъиятҳо фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, як қатор дастуру супоришҳои мушаххасро ба танзими раванди муҳоҷират, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ доданд. Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






