Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти АНММ
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ натиҷаи фаъолияташро тайи 9 — моҳи соли ҷорӣ ҷамъбаст намуд. Дар машварати ҳайати мушовараи Агентӣ аз рӯи натиҷаи кор тайи 9 моҳи соли ҷорӣ зикр шуд, ки дар давраи ҳисобот барои роҳандозӣ намудани сиёсати давлат дар бахши муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, танзими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ кори назаррас ба ҷо оврда шудааст. Дар машварат ҳамчунин лоиҳаи Дурнамои чорабиниҳо барои рафъи нуқсонҳои фаъолияти раёсату шӯъбаҳои Агентии назорати маводи мухаддир ҷиҳати риояи қонуният ва интизоми хидматӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддир ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






