Ӯзбекистон дар истифодаи об исрофкорӣ мекунад

Октябрь 3, 2012 18:12

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Ӯзбекистон дар масъалаи истифода аз манобеи об исрофкорӣ менамояд. Натиҷаҳои таҳлили қарорҳои оҷиле, ки дар бобати мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ва сол то сол бадтар шудани муҳити зист дар минтақа қабул шудаанд, далели ин гуфтаҳо маҳсуб мешаванд. Ин ҷо метавон се ҷанбаи қобили мулоҳизаро зикр кард, ки аз онҳо, эҳтимолан сиёсатмадорон ва коршиносони минтақа огоҳӣ доранд, аммо бино ба ин ё он иллат дар ин хусус ҳарфе намезананд ё аз ин ҷанбаҳо сарфи назар мекунанд. Ҷанбаи аввал. Аз оғози солҳои 80-уми асри гузашта, яъне замоне, ки дар бораи бӯҳрони Арал ба таври ҷиддӣ изҳори нигаронӣ намуданд, сиёсатмадорон ва коршиносон истилоҳи «такзироатии пахта»-ро ба таври муттасил ба забон мегирифтанд. Чаро? барои он, ки дар ҳақиқат ба мақсади сабқат дар бобати ба даст овардани суди бузурги иқтисодӣ аз истеҳсоли пахта майдонҳои обёришаванда дар марҳалаи солҳои 1960-1990 ду баробар густариш дода шуд (аз 4,3 млн. гектар то 8,5 гектар). Дар натиҷаи ин ҳаҷми обанборҳои мавриди зарурати обёрӣ низ ду баробар афзуд ва дар ниҳояти кор минтақаи мо бӯҳрони Аралро мерос гирифт. Ба минтақа зарару зиёни бузург расонида шуд, ки ҳаҷми он даҳҳо миллиард доллари америкоӣ муҳосиба мешавад ва ҳоли ҳозир низ зиёни солонаи бӯхрони Арал ба миллиардҳо доллар баробар аст. Дар бораи сабабҳои ин бӯхрон,ки асосан дар натиҷаи вусъати майдонҳои пахтакорӣ ба вуҷуд омадааст, китобу гузоришҳои созмону муассисаҳои байналмиллалӣ дар ҳаҷми садҳо ҷилд нашр шудаанд. Дар сурате, ки сабабҳо маълуманд, бемории ба ном «бӯҳрони Арал»-ро метавон ба дурустӣ ташхис дод, агар соддатар бигӯем, шумо майдонҳои пахтакориро то сатҳи солҳои 60-уму 70-уми асри гузашта метавонед коҳиш бидиҳед ва Аралро барқарор намоед. Ё худ агар ҳаҷми обанборҳоро то ба дараҷаи он солҳо поин оваред, ба ҳамон натиҷаҳои матлуб мерасед. Аммо чунон ки маълум мешавад, ин кор чандон осон нест. Баъзе аз кишварҳо ба бемории «пахтапарстӣ» гирифтор шуда ва дарди онҳоро дармон намудан кори саҳл нест. Ҳукумати Ӯзбекистон барои он, ки диққатро аз ҳолати ҳақикӣ ба сӯи дигар равон созад, низоми қавии таблиғотиро эҷод кардааст ва ба ҳама кор омода аст, то аз сиёсати кунунии пахтакории худ қадаме ҳам ақибнишинӣ накунад ва баръакс, майдони кишти пахтаро тавсеа бахшад. Худатон қазоват кунед: солҳое, ки бӯхрони Арал ба авҷи худ расида буд, дар кишварҳои болооби минтақа ҳеҷ як иншооти гидротехникӣ вуҷуд надошт, ки битавонад ба ҷараёни ду дарёи ҳавзаи Арал ба поинтарин дараҷа таъсир расонад. Низоми таблиғотие, ки дар кишвар эҷод шудааст, ба рағми гузориш ва хулосаҳои мутааддиди созмонҳои байнимиллалӣ мекӯшад, то собит намояд, ки сабаби ҳамаи мушкилоти имрӯза иншооти гидротехникии кишварҳои воқеъ дар болооби ин дарёҳост. Муассисаҳои минтақавие, ки дар ин бобат таъсис дода шудаанд, самаре набахшиданд. Инак, 18 сол аст, ки муассисоте бо номҳои МФСА, МКВК ва ғайра фаъолият мекунанд, аммо дар тӯли ин солҳо вазъияти экологӣ беҳтар нашуд, балки, баръакс, сол то сол бадтар мешавад ва Ӯзбекистон дар минтақа бо зиёноварии сиёсӣ ва экологӣ машғул аст. Зимнан, Ӯзбекистон ин корро ҳадафмандона ва бо мақсади ба даст овардани суди лаҳзаина аз истеҳсоли пахта анҷом медиҳад ва дар ин роҳ на фақат аз мушкилоти экологии Осиёи Марказӣ чашм мепӯшад, балки аз вазъияти иҷтимоиву сиёсии халқҳои минтақа сарфи назар менамояд ва дар зимн усулуҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориро риоят намекунад.Ҳангоме ки кишварҳои минтақа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ хостори таъсиси муассисаҳои минтақавӣ шуданд, ба ҳама ба таври дақиқу равшан сабабу оқибатҳои бӯҳрони Арал тавзеҳ дода шуд. Агар мо барои мисол маводи мулоқоту конфронсҳои солҳои 1986-1996-ро варақ бизанем, мебинем, ки тафсиру шаҳри сабабу оқибатҳои бӯҳрони экологии минтақа аз он шарҳу эзоҳе, ки имрӯз Тошканд қаламдод мекунад, тафовут дорад. Аз тарафи Ӯзбекистон дар ин марҳала кори зиёде анҷом ёфтаву низоми таблиғотие эҷод шудааст, ки ба он на фақат созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Ӯзбекистон, балки сохторҳои моил ба ин кишвар дар МКВК (Маркази таҳқиқоти илмӣ, БВО «Омударё», БВО «Сирдарё») низ шомиланд. Мақсади ин ҳама бо тамоми воситаю васила ба гумроҳӣ андохтан ва аз сабабҳои воқеии бӯҳрони Арал дур сохтани афкори омма ва ташаккул додани фазои идеологист, идеологияе, ки чунин талқин мекунад: тамоми бадбахтию мушкилоти минтақа аз иншооти гидротехникии кишварҳои болооб сар мезанад ва агар сохтмони онҳо қатъ гардад, кулли мушкилоти минтақа ҳалли худро меёбад.Зимнан, ин идеология гунахгори асосиро ба сифати қурбонӣ муаррифӣ мекунад. Маълуми ҳамагон аст, ки маҳз майдонҳои густурдаи обёришавандаи кишварҳои поёноб (зиёда аз 60 фоизи онҳо дар ҳудуди Ӯзбекистон воқеанд) сабаби асосии бӯҳрони Арал ба шумор мераванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ (Бонки ҷаҳонӣ, СММ, Бонки рушди Осиё, Иттиҳоди Аврупо, ЮСАИД ва ғайра) 20 сол қабл аз ин ҳамин сабабҳоро муайян намуда ва бӯҳрони Аралро ташхис дода буданд. Имрӯз чӣ рух медиҳад? Ҳамаи мо суханрониҳои Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар бораи таъсири манфии иншооти гидротехникии кишварҳои болооби Сиру Ому нисбат ба минтақа мешунавем. Ва аксари мардум ба Сарвари давлати Ӯзбекистон бовар мекунад ва фаромӯш менамояд, ки муассисаҳои байналмилалӣ борҳо таҳқиқ намудаанд ва чандин дафъа исбот кардаанд, ки маҳз заминҳои обёршаванда, аз ҷумла майдонҳои зери кишти пахта дар кишварҳои поёноб сабаби асосии бӯҳрони Арал ба шумор мераванд. Ӯзбекистон дар раванди таблиғи худ чандин тадбирҳои ба истилоҳ «байналмилалӣ»-ро созмон медиҳад, дар ин роҳ маблағи зиёдеро сарф мекунад. Ин миллионҳо доллар дар қиёс бо он, ки Ӯзбекистон аз ин таблиғот суд мебарад, ҳеҷанд, зеро Тошканд вақтро кашол медиҳад. Ҳеҷ кас Ӯзбекистонро ба таври ҷиддӣ даъват намекунад, то Тошканд ба ин аъмоли ғайриҳуқуқии худ хотима бахшад ва масоҳати майдони пахтаро коҳиш диҳад ва ниҳоят, бо кори барқарорсозии низоми қобили қабули истифодаи оби мавриди зарурати кишт ва истифодаи сарфаҷӯёнаи об машғул шавад. Аммо барои Ӯзбекистон кашол додани вақт судбахштар аст ва мехоҳад, ки мисли пештара дар истеҳсоли пахта чорумин кишвари ҷаҳон бошад, ҳамасола аз ҳисоби содироти пахта 25 фоизи даромади буҷаи худро таъмин намояд. Албатта, ин ҳама ба рағми бӯҳрони Арал, ба ивази аз даст додани ҳаёти даҳҳо ҳазор инсон ва бад шудани вазъи саломатӣ ва вазъи иҷтимоии миллионҳо нафар аз аҳолии минтақа! Агар Ӯзбекистон барои фуруд омадан аз зинаи чаҳорум дар истеҳсоли пахта ба зинаи 15 ё 20 розӣ мешуд, то имрӯз дар масъалаи экологияи минтақа як силсила дигаргуниҳои мусбат ба амал меомаданд. Зимнан, агар ин кишвар бо тадбирҳои барқарорсозии низоми обёрӣ, каналҳо ва обанборҳо ба таври ҷиддӣ машғул мешуд ва сарфи обро аз 50% то ба 5%-10% поин меовард, он гоҳ ба изҳороти президент Каримов дар мавриди ғамхории вай нисбат ба экологияи минтақа ва рушди устувори кишвар дар оянда бовар кардан мумкин буд.Ҷанбаи дуввум. Мехостем, ки дар мавриди самарабахшӣ ва сиёсати истифодаи об чанд сухан гӯем. Ин ҷо суоле ба миён меояд: оё дар минтақа, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, аз об истифодаи дуруст мекунанд? Имрӯз вазифаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъмини амнияти озуқавории кишварҳо иборат аст, на аз амнияти пунбаву афлесун ва ғайра. Агарчи пунбаву афлесун ҳам барои инсон заруранд, аммо онҳо муҳимтар аз озуқавории ниёзи аввалия нестанд. Чаро Ӯзбекистон бо сарфи назар аз бӯхрони Арал ва дигар мушкилоти минтақа, ҳамчунин мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии худ аз сиёсати пахтакории хеш қадаме ба ақиб намегардад ва нисбат ба кишварҳои дигар ва муҳити зисти минтақа сиёсати ғайриодилона, берун аз усули ҳамсоядорӣ ва ғайриинтегратсониро пеш мебарад? Ҳеҷ кас, на созмонҳои байналмилалӣ, на донорҳо, на ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ба таври ошкоро ҳақиқатро намегӯянд,ки ин гуна сиёсати Ӯзбекистон бар зарари тамоми минтақа ва халқҳои сокини он аст.Дар зер бо истинод ба гузаришу далоили сарчашмаҳои байналмилалӣ (ФАО, Бонки ҷаҳонӣ, ЮНЕСКО, МКВК ва ғайра) мехостам ба масъалаи истифодаи исрофкоронаи оби мавриди зарурати кишт дар Ӯзбекистон (нисбат ба кишварҳои дигари ҷаҳон) таваққуф намоям. Ӯзбекистон ва 54 кишвари ҷаҳонБарои муқоисаи вазъи истифодаи об аз рӯйхати кишварҳои дорои заминҳои обӣ аз сомонаи БҶ (Бонки Ҷаҳонӣ), ФАО (Созмони маводи ғизоӣ ва кишоварзии СММ) ва манбаъҳои дигар 54 кишвар ( Малайзия, Ҳабашистон, Нигерия, Камбоҷа, Мали, Сомали, Исроил, Танзания, Лаос, Зимбабве, Замбия, Сенегал, Мозамбик, Тимор – Лешта, Лубнон, Кения, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Ӯрдун, Нигер, Кот – де Вуар, Уммон, Малави, Свазиленд, Мавритания, Бутон, Гана, Сера – Леон, Чад, Камерун, Гвинея – Бисао, Буркина Фасо, Маврикий, Эритрея, Бурунди, Қатар, Кувейт, Бенин, Ҷумҳурии Демократии Конго, Сао Том ва Принсип, Уганда, Руанда, Намибия, Того, Габон, Баҳрайн, Либерия, Лесото, Кейп – Верб, Гамбия, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Ҷибути, Бруней, Ботсвана) интихоб шудаанд, ки ҷамъан назар ба як худи Ӯзбекистон камтар замини обӣ доранд. Агар Ӯзбекистон қариб 4,5 миллион гектар замини обӣ дошта бошад (мувофиқи маълумоти расмӣ ин рақам кайҳо боз аз 5 миллион гектар гузаштааст), пас ин 54 кишвари ҷаҳон дар маҷмӯъ 4,1 миллион гектар замини обӣ доранд. Ин кишварҳо дар минтақаҳои Осиё ва Африқо воқеъ буда, шароити иқлими он ҷойҳо барои зироаткории обӣ назар ба Ӯзбекистон камтар мусоид аст. Дар баробари ин, агар аҳолии Ӯзбекистон қариб 28 миллион нафарро ташкил медода бошад, дар ҳудуди ин 54 кишвари ҷаҳон ба таври умум қариб 800 миллион кас зиндагӣ дорад. Ин назар ба аҳолии Ӯзбекистон тақрибан 28 баробар зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2008, агар 88 фоизи аҳолии деҳоти Ӯзбекистон ба манбаъҳои беҳтаршудаи таъмини об дастрасӣ дошта бошанд, аҳолии деҳоти ин кишварҳо ба таври умум баробари 63 фоиз дастрасӣ доштанд, ки назар ба Ӯзбекистон 25 фоиз камтар аст. Агар ҳисоби миёнаро бидуни назардошти чунин кишварҳо, аз қабили Малайзия, Исроил, Лубнон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Маврикий, Қатар ва Кувейт, ки дар онҳо бо об таъмин будани аҳолии деҳот 99 — 100 фоизро ташкил медиҳад, ба назар гирем, пас барои кишварҳои боқимонда рақами миёнаи бо об таъмин будани аҳолии деҳот 58 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба Ӯзбекистон 30 фоиз камтар аст. Ҳатто барои Тоҷикистон, кишваре, ки оби фаровон дорад, бо об таъмин будании аҳолии деҳот 61 фоизро ташкил медиҳад, ки ин назар ба Ӯзбекистон 27 фоиз камтар мебошад. Дар мавриди ҷудо кардани об барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ бояд зикр намуд, ки он барои 54 кишвар 55,8 километри мукааб обро ташкил медиҳад, ки назар ба Ӯзбекистон хеле кам аст. Бо муқоисаи ин рақамҳо метавон хулоса баровард, ки ҳамаи далелҳои ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди бад шудани вазъи бо об таъмин будани аҳолӣ ва кишоварзии Ӯзбекистон ягон асос надоранд. Ҳамчунин изҳороти шахсони расмии Ӯзбекистон дар бораи истифодаи оқилона, ҳамгироёна ва самараноки захираҳои об ҳақиқат надоранд. Дар бахши кишоварзии 55 кишвари дар боло зикршуда нафароне машғули коранд, ки назар ба Ӯзбекистон якчанд маротиба зиёданд, ва, табиист, ки ҳосилнокии кишоварзӣ ва самаранокии истифодаи об нисбат ба Ӯзбекистон ҳамин қадар беҳтар аст. Солҳои 2005 ва 2006 дар ин кишварҳо ҳатто мутаносибан 3,955 ва 3,916 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуд, ки назар ба Ӯзбекистон ( дар соли 2005 – 3,728 ҳазор, дар соли 2006 – 3,600 ҳазор тонна) зиёд аст.Ӯзбекистон ва ИсроилИсроил бо 6,5 миллион аҳолиааш ҳамагӣ фақат 194 ҳазор гектар замини обӣ дорад ва барои обёрии ин заминҳо ҳамагӣ 1 километри мукааб об истифода мешавад. Дар баробари ин Исроил он қадар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол менамояд, ки ба кишвар имкон медиҳад, на фақат худро пурра таъмин намояд, балки ба маблағи 1,7 миллиард доллари ИМА ба Аврупо ва ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содир кунад. Барои муқоиса дар Ӯзбекистон барои ҳар сари аҳолӣ беш аз 0,20 гектар, дар Исроил 0,03 гектар замин рост меояд, ки назар ба Ӯзбекистон 7 маротиба кам аст. Дар мавриди оби барои ҳар гектар замин ва барои ҳар сари аҳолӣ истифодашуда бояд зикр намуд, ки дар ин ҷо манзараи ҷолибе ба назар мерасад. Масалан, дар Исроил барои ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 4000 метри мукааб (дар киштзорҳои дорои системаи обёрии қатраӣ аз 1200 то 2500 мукааб), аммо дар Ӯзбекистон беш аз 13000 метри мукааб ва дар шолизор зиёда аз 20000 метри мукааб ҷудо карда мешавад. Дар Исроил барои ҳар сари аҳолӣ соле ба ҳисоби миёна169, 2 метри мукааб оби мавриди зарурати киштзор истифода мешавад, ин нишондиҳанда барои Ӯзбекистон 2410 метри мукаабро (бидуни назардошти оби истифодашавандаи манбаъҳои зеризаминӣ) ташкил медиҳад, ки назар ба Исроил 14 баробар зиёд аст. Воқеан, маҳсулнокии обёрӣ, ки дар Исроил назар ба Ӯзбекистон чандин маротиба баланд аст, қиёс надорад. Таври мисол, ҳосилнокии худи ҳамон пахта дар Ӯзбекистон 2,2 тонна/гектар, аммо дар Исроил 5,8 тонна/гектарро ташкил медиҳад, ки назар ба Ӯзбекистон 2,5 баробар зиёд аст. Ӯзбекистон ва ЧинҲангоми муқоисаи истифодаи об дар Ӯзбекистон ва Чин рақамҳои ҷолибро ба даст меорем. Чин бо аҳолии 1 млрд 345 млн нафар (21 фоизи аҳолии ҷаҳон, маълумоти соли 2008) қариб 60 миллион гектар замини обӣ дошта, барои обёрии он соле 358 километри мукааб об ҷудо карда мешавад. Дар Чин барои ҳар сари аҳолӣ 0,04 гектар замини обӣ истифода мешавад, ки назар ба Ӯзбекистон 5 маротиба кам аст. Дар мавриди тақсими оби барои кишт истифодашаванда барои ҳар сари аҳолӣ бояд зикр намуд, ки дар Чин он соле 266 метри мукаабро ташкил медиҳад, ки назар ба Ӯзбекистон 9 баробар кам аст. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки 6 фоизи захираи оби нӯшокии ҷаҳон ва 9 фоизи киштзори ҷаҳон дар Чин воқеанд. Обёрӣ барои таъмини амнияти маводи ғизоии Чин мақоми муҳимтаринро касб менамояд. Замини обӣ таносубан бо афзоиши аҳолӣ васеъ мегардад. 75 фоизи ғалла ва 90 фоизи ҳосили пахта, мева, сабзавот дар заминҳои обӣ парвариш мешаванд. Бо вуҷуди ҳар сол дучори хушксолӣ гардидани 15 миллион гектар киштзор, заминҳои мавҷуда ба Чин имкон медиҳанд, ки худро бо маҳсулоти кишоварзӣ пурра таъмин намуда, як қисми маҳсулотро содир кунад. Самарабахшии системаҳо ва ҳосилнокии заминҳои обӣ дар Чин умуман басо баланд буда, албатта, аз Ӯзбекистон бисёр фарқ дорад. Масалан, Чин дар шароитҳои ба Ӯзбекистон монанди иқлимӣ дар давраи аз соли 2000 то соли 2004 аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 3,3 тонна пахта ба даст овард, ки ин рақам дар Ӯзбекистон 2,2 тоннаро ташкил дод. Дар баробари ин кишвари дорои аҳолии зичи ҷаҳон — Чин 1260 ҳазор гектар пахтазор дорад, ки нисбат ба Ӯзбекистон қариб 300 ҳазор гектар камтар аст. Дар Чин аз 67 то 72 фоизи қисми аз нигоҳи иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ дар бахши кишоварзӣ машғули кор аст.Ӯзбекистон ва ҲиндустонДуюмин калонтарин кишвари ҷаҳон аз нигоҳи шумораи аҳолӣ — Ҳиндустон дар ҳаҷми 1260,5 километри мукааб захираҳои умумии оби нӯшокӣ дорад, ки назар ба Осиёи Марказӣ 10 маротиба зиёд аст. 89 фоизи аҳолии Ҳиндустон ба манбаҳои беҳтар гардонидашудаи об дастрасӣ дорад. Заминҳои бахши кишоварзии Ҳиндустон 180 миллион гектар, аз ҷумла 50 миллион гектари онҳо заминҳои обиро ташкил медиҳанд. Масоҳати заминҳои обӣ барои ҳар сари аҳолӣ 0,04 гектарро ташкил медиҳад, ки назар ба Ӯзбекистон 5 баробар камтар аст. Барои обёрии кишоварзӣ қариб 500 километри мукааб об истифода мешавад. Дар Ҳиндустон барои ҳар сари аҳолӣ соле ба ҳисоби миёна 435 метри мукааб об мавриди истифода қарор мегирад, ки ин ҳам нисбат ба Ӯзбекистон 5 баробар кам аст. Дар баробари ин, тавре ки маълум аст, Ҳиндустон аз солҳои 90 – уми қарни гузашта то ин дам худро бо маҳсулоти кишоварзӣ пурра таъмин намуда, яке аз пешсафони ҷаҳон аз рӯи содироти маҳсулоти кишоварзӣ (шолӣ — ба маблағи 1350 миллиард доллари ИМА; нахи пахта ва маснуоти он – 9,7 миллиард доллар; равғани растанӣ — 1,03 миллиард доллар; меваи тоза – 257 миллион доллар; сабзавот – 291 миллион доллар ва ғайра) маҳсуб мешавад.Ӯзбекистон – кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи баҳри Қариб35 кишвари минтақаи мазкур бо 573 миллион аҳолӣ 18,4 миллион гектар замини обӣ доранд, яъне дар ин кишварҳо барои ҳар сари аҳолӣ 0, 03 гектар замини обӣ истифода мешавад, ки нисбат ба Ӯзбекистон 5 маротиба кам аст. Воқеан, иқлими ин минтақа ба иқлими Осиёи Марказӣ тамоман шабоҳат надорад ва аз минтақаҳои биёбони хушк то минтақаҳои рутубатдори тропикӣ тағйир меёбад. Бо вуҷуди ин, бахши кишоварзӣ дар амнияти маводи ғизоии ин кишварҳо мақоми калон дорад. Минтақа аз захираҳои таҷдидшавандаи об ғанӣ буда, ин захираҳо 13570 километри мукаабро ташкил медиҳанд. Барои эҳтиёҷоти ҳамаи 35 кишвар 265 километри мукааб, аз ҷумла 187 километри мукааби он барои ниёзи кишоварзӣ, ҷудо карда мешавад. Барои ҳар сари аҳолии ин кишварҳо соле ба ҳисоби миёна 326 метри мукааб оби мавриди зарурати киштзор истифода мешавад. Бразилия аз рӯи нишондодҳои иқтисодӣ дар байни кишварҳои ин минтақа мамлакати бештар тараққикарда ба шумор меравад ва аз нигоҳи теъдоди аҳолӣ ҳам ҷойи аввалро ишғол менамояд. Аҳолии он 190 миллион нафарро ташкил медиҳад. Замини обии Бразилия баробари қариб 3 миллион гектар аст. Замини обӣ барои ҳар сари аҳолӣ 0, 016 гектарро ташкил медиҳад, ки назар ба Ӯзбекистон 12 маротиба кам аст. Дар Бразилия барои ҳар сари аҳоли соле ба ҳисоби миёна 189 метри мукааб оби мавриди зарурати кишт истифода мешавад, ки нисбат ба Ӯзбекистон 12 баробар кам мебшад.Ӯзбекистон — ҳавзаи дарёи НилҲавзаи дарёи Нили Африқо метавонад мисоли дигаре барои муқоисаи истифодаи об гардад. Ҷалб намудани диққат ба он ҷолиб аст, ки нисбат ба ҳавзаи баҳри Арал, ки дар он резиши солонаи оби дарёҳо қариб 116 километри мукааб ва аҳолии панҷ кишвари минтақа қариб 60 миллион нафарро ташкил медиҳад, резиши солонаи дарёҳо ба Нил баробари 96 километри мукааб об ва аҳолии 11 кишвари ҳавзаи ин дарё 224 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин назар ба Осиёи Марказӣ қариб 3,5 баробар зиёд аст. Фақат дар як худи Миср зиндагии 78 миллион аҳолии он комилан вобаста ба оби дарёи Нил аст. Вале дар баробари ин, новобаста ба шароитҳои гармои сахти иқлими Африқо, дар 11 кишвари ҳавзаи дарёи Нил қариб 78 километри мукааб замини обӣ истифода мешавад, ки ин аслан назар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 30 километри мукааб камтар аст.Новобаста ба шароити ниҳоят гарми иқлимӣ ва аҳолии зиёд, Миср ҳамасола 3,4 миллион га заминро обёрӣ мекунад ва 97 фоизи аҳолиаш ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Миср аз хориҷа аз маводи хӯрока асосани шакар, равған ва донагиҳоро ворид мекунад. Дигар намудҳои маводи хӯрокаро ба аҳолӣ худи давлат таъмин мекунад ва ин аҳолӣ аз аҳолии Ӯзбекистон 3 баробар зиёдтар буда, илова бар ин 53 ҳазор тонна пахта, 444 ҳазор тонна биринҷ, 174 ҳазор тонна картошка, 37 ҳазор тонна меваҳои тропикӣ ва дигар маводи кишоварзиро содир мекунад. Бояд қайд намуд, ки ММД дар Миср ба 217 миллард доллари ИМА баробар аст, ки аз ин 16,8% ё 36 миллиард доллари ИМА ба истеҳсоли маводи кишоварзӣ рост меояд. Ҳиссаи дар ММД будаи истеҳсоли маводи хоҷагии халқи Миср баробар ба ҳиссаи умумии ММД Ӯзбекистон аст. Ҳамингуна, Миср бо доштани камтар аз 1 миллион замини корам дар шароити минтақаи шимолии Африқо, ки дар он ҷо 28 куб км об истифода мешавад ва ин 2 маротиба камтар аз Ӯзбекистон аст, аз ҷиҳати иқтисодӣ баробари ММД Ӯзбекистон маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунад. Миср дар поёноби рӯди Нил ҷойгир буда, бо вуҷуди ин бештари обро барои обёрии заминҳои корамаш истифода мекунад. Бе муқоисакунии 10 давлати дигари ҳавзаи рӯди Нил танҳо дар мисоли Миср метавон боварӣ пайдо кард, ки истифодаи об дар Ӯзбекистон ба тамоми ҳавзаи рӯди Нил муқоисанашаванда аст. Ӯзбекистон обро ниҳоят бемасъулиятона истифода мекунад. Дар дунё давлате нест, ки ин қадар обро ба ҳар сари аҳолӣ истифода бурда, то ин андоза бемасъулиятона ба вазъи муҳити зисти минтақа муносибат кунад. Ҷанбаи сеюм.Дигар масъалае, ки бархе аз кишварҳои минтақа мебардоранд, ин зарурати гузаронидани ташхиси обанборҳои мавҷуда ва сунъӣ дар давлатҳои поёноб аст, ки ба онҳо ҳамасола даҳҳо куб км об аз рӯдхонаҳо ҷорӣ мешавад. Бо рушди сохтмони иншооти хоҷагии обёрӣ дар Осиёи Марказӣ обанборҳои обёрикунандаи заминҳои корам зиёд шуданд, ки маҷмӯи зиёди оби кӯлҳои сунъиро ҷамъ кардаанд. Аз рӯи суратҳои кайҳонӣ танҳо дар солҳои 70-80-уми асри гузашта зиёда аз 300 ҳазор гектар заминҳои чарогоҳи Осиёи Марказӣ ва дар соли 2005 танҳо дар Ӯзбекистон то 800 ҳазор гектарро оби кӯлҳои сунъӣ ва партовобҳо пӯшонидаанд. Бузургтарин захиракунандаҳои об – Кӯли Сари Қамиш ва системаи Кӯли Арнасай тақрибан 60 фоизи майдони чунин обанборро ташкил медиҳанд. Чӣ тадбирҳои мушахассаеро Ӯзбекистон бобати ин обанборҳои сунъӣ андешиданӣ аст, ки дар онҳо ҳамасола 10 куб км об бухор мегардад? Наход Ӯзбекистон андешаи онро дошта бошад, ки минбаъд низ ин оби қиматбаҳоро ба ин обанборҳо равона карда, бефоида онро бухор кунад. Ғайр аз ин ба ҳама маълум аст, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон зиёда аз 450 каналҳои магистралӣ ва зиёда аз 400 коллекторҳо бо дарозии 160 ҳазор километр дар майдони умумии то 1150 км кв мавҷуд аст. Дар бештари каналҳо ва коллекторҳо, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондаанд, ягон кори таъмирӣ гузаронида нашудааст ва ба ин сабаб аз 40 то 70 фоизи обҳои тавассути онҳо ҷоришаванда зери хок рафта, метавон онҳоро аз ҳама пасттарин коэфисенти таъсираш фоиданок дар ҷаҳон шуморид. Барои ҳамин, аз он, ки ба тарғибу ташвиқи бепоя даст задан ва бо ин мақсад созмон додани ба ном Гурӯҳи махсуси экологӣ дар парлумон хуб мешуд, ки ба корҳои фоидаовар ва аниқ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва ҳифзи захираҳои обию заминро барои наслҳои ояндаи минтақа ба роҳ монанд. Аз рӯи гуфтаҳои боло як саволи басо муҳим оид ба узвияти Ӯзбекистон ба Конвенсияи оби СММ ба миён меояд, ки ин масъаларо вақтҳои охир ашхоси расмии Тошканд гуфтанашро дӯст медоранд. Худи Ӯзбекистон нуктаҳои ин Конвенсияро иҷро намкунад ва принсипҳои аслии онро иҷро карданӣ ҳам нест. Норӯшан аст, ки бо кадом мақсад Тошканд ин Конвенсияро қабул кард. Котиботи ин Конвенсия ба куҷо нигоҳ мекунад? Маълум аст, ки Ӯзбекистон то ҳол ягон ҳисобот оид ба татбиқи ин конвенсияҳо пешниҳод накардааст ва дар оянда низ нияти иҷрои принсипҳои онҳоро надорад. Бо дарназардошти буҳрони минтақа вобаста ба истифодаи об Ӯзбекистон метавонад худро дар назди ин Конвенсия сафед кунад, дар ҳолате, ки нақшаи марҳила ба марҳила барқарорсозии заминҳои корам, таҷдиди системаи обёрикунанда, паст намудани шӯршавии заминҳо бо назардошти сиёсати пахтакорӣ, кам намудани 3-4 маротиба майдони пахтакорӣ ва дигар чорабиниҳои мушаххасро, ки метавонанд зина ба зина ба беҳтар шудани вазъи экологии минтақа мусоидат кунад, ба Котибот пешниҳод намояд. Дар акси ҳол, маълум нест, ки чӣ тавр Ӯзбекистон иштироки худро дар ин Конвенсия мебинад. Вақти он аст, ки ҳисоботи мушаххас пешниҳод кунад, на ин ки конвенсияро мо қабул намудему дигарон не гуфта овоз баланд карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба доми фиреб кашад. Маълум мешавад, дар минтақа, бахусус дар Ӯзбекистон талабот ба об зиёд аст. Бояд обро танҳо самараноку мақсаднок, ба қавли дигар, инсонгароёна истифода бурд.Акбар Саидзода,http://www.ca-news.org

Октябрь 3, 2012 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд