4 медали тиллои варзишгарони тоҷик
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Аз 24 то 29 сентябр дар шаҳри Анапаи вилояти Краснодари Федератсия Русия миёни ҷавонони 14-15 ва 16-17-сола чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди зӯрозмоии унверсалӣ доир гардид, ки дар он варзишгарон аз 37 кишвари дунё (мамолики араб, ИДМ, Аврупо) иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ 5 тан аз варзишгарон намояндагӣ карда, дар вазнҳои алоҳида натиҷаҳои баланди варзиширо соҳиб гаштанд. Умед Бобоев дар вазни 45 кг, 2 медали тилло аз рӯи намуди гӯштин ва омехта, Мижгона Самадова дар вазни 47 кг, 2 медали тилло аз ҳар ду намуд, Олим Бобоқулов дар вазни 55 кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 57 кг, сазовори ҷойи дуввум ва Шерзод Азимов дар вазни 50 кг, сазовори чойи сеюм гардиданд. Ба ин муносибат дирӯз, 2 октябр раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо ғолибони ин чорабинӣ мулоқот анҷом дода, зимни он таъкид кард, ки ин ғалабаҳо аз баракати истиқлолият ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба соҳа дарак медиҳад. Маликшо Неъматов аз варзишгарон барои дифои шарафи варзиши мамлакат дар арсаи ҷаҳон ва аз мураббиёну масъулони ин намуди варзиш барои талошҳои мунтазам дар робита ба густариши варзиш ва оммавияти он изҳори миннатдорӣ намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.