4 медали тиллои варзишгарони тоҷик

Октябрь 3, 2012 08:39

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Аз 24 то 29 сентябр дар шаҳри Анапаи вилояти Краснодари Федератсия Русия миёни ҷавонони 14-15 ва 16-17-сола чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди зӯрозмоии унверсалӣ доир гардид, ки дар он варзишгарон аз 37 кишвари дунё (мамолики араб, ИДМ, Аврупо) иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ 5 тан аз варзишгарон намояндагӣ карда, дар вазнҳои алоҳида натиҷаҳои баланди варзиширо соҳиб гаштанд. Умед Бобоев дар вазни 45 кг, 2 медали тилло аз рӯи намуди гӯштин ва омехта, Мижгона Самадова дар вазни 47 кг, 2 медали тилло аз ҳар ду намуд, Олим Бобоқулов дар вазни 55 кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 57 кг, сазовори ҷойи дуввум ва Шерзод Азимов дар вазни 50 кг, сазовори чойи сеюм гардиданд. Ба ин муносибат дирӯз, 2 октябр раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо ғолибони ин чорабинӣ мулоқот анҷом дода, зимни он таъкид кард, ки ин ғалабаҳо аз баракати истиқлолият ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба соҳа дарак медиҳад. Маликшо Неъматов аз варзишгарон барои дифои шарафи варзиши мамлакат дар арсаи ҷаҳон ва аз мураббиёну масъулони ин намуди варзиш барои талошҳои мунтазам дар робита ба густариши варзиш ва оммавияти он изҳори миннатдорӣ намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

Октябрь 3, 2012 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид