588 корхона истеҳсоли маҳсулотро афзуд
Душанбе, 24 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, миқдори корхонаҳои саноатие, ки истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2011зиёд намудаанд, 588 ададро ташкил медиҳанд. Шумораи умумии корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар ҷумҳурӣ 1453 ададро дар бар мегирад. Аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 952 адади он корхонаи ҳаҷман калон ва миёнае мебошанд, ки ба мақомоти омор мустақиман ҳисобот пешниҳод мекунанд.Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳанда 279 адади он корхонаҳои саноатии дар низоми фаъолияти Ҷамъияти «Тоҷикматлубот» буда, 6 адад корхона дар тобеияти Ширкати саҳомии холдингии кушода (ШСХК)-и «Барқи тоҷик қарор дорад. Ҳамчунин боз 216 корхонаи хурди саноатие вуҷуд дорад, ки шумораи кормандонашон аз 10 нафар камтар аст.Бо вуҷуди ин, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи ҳамаи корхонаҳо ба ҳисобот пурра дохил мешавад.Бояд ёдовар шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти бахши ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар моҳҳои январ – сентябри соли 2012 ба 6 млрд.774 млн. 279 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба маблағи 638 млн. 785 ҳазор сомонӣ зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






