Боздид аз АНМН

Октябрь 31, 2012 16:46

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 31 октябр, мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров бо ҳайати ваколатдорони ҳуқуқи инсони Қирғизистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, ҳайати ваколатдорон бо вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахши назорати маводи нашъаовар ва фаъолияти Агентӣ ва мақомоти ҳифзи хуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар шинос карда шуд. Мулоқот дар ҳошияи конфронс дар мавзӯи «Воситаҳои самарабахши ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон», ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, роҳандозӣ шуд. Дар конфронс ваколатдорони ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.

Октябрь 31, 2012 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад