Боздиди С.Эллиот аз АНМН
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 29 октябр мулоқоти кории директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М.Эллиот баргузор гардид.Директори Агентӣ дар ҷараёни мулоқот сафирро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷиҳати назорати маводи нашъаовар, ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши назорати гардиши маводи нашъаовар, ташкили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои дигар дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар шинос намуд. Сюзан Эллиот дар навбати худ таҷрибаи зиёдеро, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, аз ҷумла, Агентии назорати маводи нашъаовар дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа андӯхтаанд, қайд намуд.Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот изҳори умед карданд. ки ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






