Cабукӣ ба корхонаҳои КВД «Роҳи оҳаниТоҷикистон»
Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳурӣ корхонаҳои дар минтақаи Хатлон будаи Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз пардохти ҳама гуна андоз озод шуданд. Дар ин хусус вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 иловаҳо ворид намуданд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳуллоҳ Ҳакимов бо шарҳи масъалаи мазкур дар назди вакилон гуфт, ки ин тадбир бо мақсади дастгирии давлатӣ ба соҳаи ҳаётан муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ –роҳи оҳан андешида шудааст, зеро то ҷое мусаллам аст, бо сабаби рух додани садама дар қитъаи роҳи оҳани Амузанг –Ғалаба, воқеъ дар ҳудуди Ўзбекистон аз 17 ноябри соли 2011 инҷониб ҳаракати поездҳо аз ҷониби кишвари ҳамсоя ба самти вилояти Хатлон манъ шудааст, ки ин ба қитъаи хатлонии роҳи оҳани Тоҷикистон зарари зиёди иқтисодӣ оварда истодааст. Минтақаи мазкур аз ҷиҳати тўл дар миқёси роҳи оҳани мамлакат дарозтарин буда, беш аз 1400 коргар дар он фаъолият дошта, мутахассисони ин соҳа махсусгардонидашуда мебошанд. Барои тарбияю ба камол расонидани мутахассиси соҳаи нақлиёти роҳи оҳан аз 2 то 10 сол лозим аст. Дар ҳолати пароканда шудани мутахассисон соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар метавонад ба буҳронӣ кадрию соҳавӣ дучор гардад. Аз нав ҷалб ва барқарор кардани онҳо вақт ва заҳмати зиёдро талаб менамояд. Ғайр аз ин « Роҳи оҳани Тоҷикистон» маҷбур аст, ки хароҷоти дигарро ҳам, ба монанди андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз замин ва дигар андозҳое, ки новобаста аз даромаду фаъолият пардохт намояд, ки ин ба фаъолияти корхона таъсир расонида истодааст. Бинобар ин озод намудани корхонаҳои дар минтақаи Хатлон будаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз пардохти андозҳо ҳамчун дастгирии давлатии соҳаи ҳаётан муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ метавонад ба рушди соҳа мусоидат намояд.10.03.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






