Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Намоиши оммавӣ дар пойтахти Ҳиндустон Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон бори дуюм аст, ки дар пойтахти Ҳиндустон- шаҳри Деҳлӣ ҳазорҳо нафар сокинон ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, намоиши оммавӣ доир менамоянд. Тавре ки расонаҳои хабарии кишвар иттилоъ медиҳанд, тазоҳуротгарон теъдоди 350 километр роҳро тай намуданд. Онҳо чанд рўз боз бо ин иқдоми худ таваҷҷуҳи ҳукуматдоронро ба масъалаи деҳқонони безамин ҷалб сохтанианд. Боиси қайд аст,ки миллионҳо нафар дар маҳалҳои ноободи аҳолинишин ба сар бурда, аз замини хусусӣ маҳруманд, зеро ҳудудҳои зиёди кишварро корхонаҳои саноатӣ ва конҳо дар бар мегиранд. Талаби асосии эътирозгарон даъват ба риояи адолат дар тақсими замин ва дигар захираҳои табиӣ мебошад.Таҷдиди назари музди меҳнати кормандони нақбҳо Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳукуматдорони Африқои Ҷанубӣ ба таҷдиди назар дар масъалаи музди меҳнати кормандони нақбҳо омодаанд. Вакилони парлумон баҳри ба эътидол овардани вазъият, ваъда доданд, ки мушкилоти мавҷударо бартараф хоҳанд кард. Вале дар ҳамин ҳол ҳам маоши нақбканон баланд бардошта мешавад ё на, касе дақиқ гуфта наметавонад. Дар айни ҳол беш аз 80 ҳазор нафар нақбкани Африқо ба намоиши эътирозӣ иқдом намудаанд. Коршикании нақбканон дар ширкатҳои истеҳсоли тилло ва истихроҷи ангишт низ ба чашм мерасад. Дар ҳамин ҳол мурофиаи судӣ вобаста ба ҳодисаи бетартибиҳои дар нақби Марикана ба амал омада, идома дорад. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи задухӯрдҳо 46 нафар ба ҳалокат расида буд, ки қисми зиёди онҳо нақбканон мебошанд. Афзоиши талабот ба нафт дар давлатҳои Осиё Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Талабот ба нафт дар давлатҳои Осиё рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Иштирокчиёни ҳамоиши Авруосиё- «Каз-энерҷи», ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, аз афзудани содироти нерӯи барқ ба Чин ишора намуданд. Боиси зикр аст, ки дар кишварҳои Аврупо ва Амрико ба истифодаи оқилонаи нерўи барқ бартарӣ дода, аз сарфа кардани он кор мегиранд. Ба гуфти баъзе коршиносон иқтисодиёти Чин дар соли равон 9-10 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин замина роҳбарони давлатҳо низ барои рушди иктисодиёти худ бояд тадбирҳои қатъӣ андешанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






