“Diplomatic World”: Э. Раҳмон — “Меъмори сулҳ”

Октябрь 2, 2012 16:17

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»). — 2 октябри соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ “Diplomatic World” (Олами дипломатӣ, ш.Брюссел) (№ 36) мақолае дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони “Меъмори сулҳ” бахшида ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр кард. Мақола мӯҳтавои китоберо, ки 28 сентябри соли ҷорӣ дар ш. Брюссел аз ҷониби яке аз машҳуртарин ширкатҳои иттилоотиву консалтингии Аврупо “Big Media Group” ба забони англисӣ ва фаронсавӣ таҳти унвони шабеҳ ба чоп расид («The Architect of Peace», «L’Architecte de la Paix»), кӯтоҳ тавсиф медиҳад.Дар китоби мазкур, ки зери таҳрири аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов интишор шудааст, муаллифон, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров бар асоси манбаъҳои эътимоднок дар бораи фаъолияти бистсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои фавқулода ва нақши таърихии Сарвари давлат дар ҷодаи барқарорсозии сулҳу ризоияти миллӣ ва сохтори давлатии кишвар, баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, дар қабули Сарқонуни нави Тоҷикистон, таҳкими ҳокимият ва истиқлолияти давлатӣ, дар рушди иқтисодиёт ва фарҳанг, инчунин дар баланд бардоштани мақому манзалати байналмилалии давлати соҳибихтиёри тоҷик маълумот медиҳанд. Дар мақола ба забони англисӣ гуфта шудааст, ки китоби номбурда моро ба саёҳати ҳақиқии таърихӣ таклиф менамояд, ки зимни он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва тақвияти сулҳу субот ва гулгулшукуфоии сарзамини тоҷик саҳми худро мегузорад. “Diplomatic World” махсусан таъкид мекунад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ба дӯши худ масъулияти бузургро гирифта, тавонист манфиатҳои умумимиллиро волотар аз манофеи хусусӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ гузорад”.Дар мақола, ба ғайр аз тасвиру тавсифи “Роҳи тӯлонии расидан ба сулҳ” ва иқдомҳои муассир доир ба рушду нумуи фарогири соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти кишвар, инчунин дар бобати эътирофи байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, шарикони аврупоӣ ва осиёӣ қайд карда мешавад, ки бевосита ба фаъолияти роҳбари он Эмомалӣ Раҳмон вобастааст. Мақола диққати хонандагонро ба он ҷалб менамояд, ки ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода”-и Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дигар кишварҳо ва субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ сол аз сол боло меравад, ҳамзамон бинобар ақидаву мавқеи принсипноки ваҳдатсозӣ, инсондӯстӣ ва сулҳпарварӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи он сазовори обрую нуфуз ва эҳтироми беандоза шудааст.Боиси зикр аст, ки маҷаллаи аврупоии “Diplomatic World” бо теъдоди 25 000 нусха нашр гардида, 65 000 хонандаро дар кулли Иттиҳоди Аврупо фаро мегирад. Тибқи суханҳои Мудири ин нашриёти мӯътабари аврупоӣ, хонум Бернадетт Рейнтйенс, он миёни роҳбарияти олии сиёсии тамоми сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, дигар созмонҳои байналмилалӣ, элитаи сиёсӣ ва тиҷоратии Аврупо паҳн мешавад.

Октябрь 2, 2012 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад