Э. Раҳмон: «Ҳанӯз ҳам санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мураккаб аст»

Октябрь 19, 2012 15:15

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Қабл аз ҷаласа Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави Шӯро аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ Музаффар Саймуддинов – роҳбари ҶДММ «Кафолат» ва Баҳром Рустамов – роҳбари ҶДММ «Даврон» — ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Дар ҷаласа нисбат бав масъалаи якум гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Зикр шуд, ки қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулин ва вазорату идораҳои мутасаддӣ дар маҷмӯъ иҷро гардида, корҳои муайяне анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои қарори ҷаласаҳои гузаштаи Шӯро лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардида, татбиқи он аз соли 2013 оғоз мегардад. Вобаста ба ин, раиси Шӯро, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бо қабули ин қонун сатҳи ҳамкориҳои созандаи давлат ва бахши хусусӣ ба дараҷаи сифатан нав бароварда шуд, лоиҳаҳои иқтисодии ҳаётан муҳим дар ин доира бо ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ бомаром татбиқ хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бо ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи қонуни номбурда тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида чораҳои муассир андешанд.Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» Президенти ҷумҳурӣ, Раиси шӯро иброз дошт, ки : «Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши шумораи санҷишҳои фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ислоҳоти ҷиддӣ доир шудааст. Вале, тадбирҳои андешидашуда кифоя нестанд ва зарур аст, ки ҷиҳати идомаи ислоҳоти соҳа корҳои зиёд анҷом дода шаванд, зеро то ҳол санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла барои соҳибкорон мураккаб ва гарон боқӣ мондааст». Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Президенти мамлакат таъкид гардид, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур ба назар гирифтани низоми мувофиқаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо мақомоти ваколатдори пешбарандаи сиёсат дар соҳаи соҳибкорӣ ва ба тартиби муайян даровардани дигар ҷанбаҳои санҷиш, аз ҷумла муҳлати огаҳӣ оид ба гузаронидани санҷиш, давомнокии он ва ғайра мувофиқи мақсад дониста мешавад. Инчунин кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири санҷиш, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба инобат гирифта шавад.Зикр шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав барои ба низом даровардани санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таконе бахшид. Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Октябрь 19, 2012 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд