Фаъолияти МОИ «Данғара» густурда хоҳад шуд

Октябрь 22, 2012 15:24

Душанбе, 22 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Тавонмандиҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди вилояти Хатлон» фардо, 23 октябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Қўрғонтеппа ба кори худ оғоз мебахшад. Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ, ки муддати се рўз идома меёбад, бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва сохторҳои Минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» созмон дода мешавад. Ҳадафи ҳамоиш аз гоҳонидани мақомоти давлатӣ, доираҳои ҷамъиятию тиҷоратӣ, илмӣ, сармоягузорон доир ба афзалиятҳо ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» иборат аст. Интизор меравад, ки иштирокдорони ҳамоиши байналмилалӣ масоили марбут ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷануби Тоҷикистон- «Панҷ» ва «Данғара»-ро матраҳ намуда, роҷеъ ба масоили ҳамоҳангсозии ҳамкории Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди ҷалби сармояи хориҷӣ ва фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорон бо сохторҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғар»-ро матраҳ намоянд. Ба ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, илмӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратию соҳибкорони ватанию хориҷӣ даъват шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ: «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шуда ва миёни онҳо минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолияти густурда дорад.

Октябрь 22, 2012 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд