Фурудгоҳи Душанбе дар феҳристи пок қарор дорад?
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).-Имрўз намояндагони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вохўрӣ анҷом доданд. Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи ФБД бо таъйиди ин хабар гуфт: «Кормандони ин ниҳод дар мулоқот дар баробари фаҳмонидани пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ гуфтаанд, дар фаъолияти кормандони фурудгоҳ дар маҷмӯъ беҳбудӣ дида мешавад, вале ҳушдор додаанд, ки боз ҳушёртар бошанд, зеро кормандони Агентӣ маводи танқидии воситаҳои ахбори оммаро мутолиа намуда, пайваста меомўзанд ва дар аксари маврид мақолаҳоеро, ки дар онҳо ҳолатҳои коррупсионӣ ошкор мегарданд, мавриди санҷиш қарор медиҳанд». Дар рафти суҳбат иброз шуд, ки то имрўз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар феҳристи пок қарор дорад ва аз ҷониби Агентӣ дар фурудгоҳи Душанбе ягон ҳодисаи дорои хусусияти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






