Гурӯҳҳои корӣ омодагӣ ба зимистонро санҷиданд
Хоруғ, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ гуруҳҳои корӣ дар ҳайати кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, мутахассисони бахшҳои гуногун дар шаҳри Хоруғ ҷараёни иҷрои қарорҳои раиси вилоят «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013», «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2011 – 2013» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзу муроҷиати шаҳрвандон», инчунин вазъи фазои иттилоотӣ дар маҳалҳои дурдаст, таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимиро мавриди таҳлилу санҷиш қарор доданд.Гуруҳҳои корӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати беҳтар намудани коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо ва дигар масоили самти корашон кӯмаки амалӣ расониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






