ИМА барои Тоҷикистон $9.5 миллион ҷудо менамояд
Душанбе, 19 октябр (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзод). -Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров ба наздикӣ созишномаи дуҷонибаро ба имзо расониданд, ки мувофиқи он Ҳукумати ИМА 9.5 миллион доллари амрикоиро барои дастгирии барномаҳои вобаста ба амнияти марзҳо, ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва рушди соҳаи адлия дар Тоҷикистон ҷудо менамояд. Ҳукумати ИМА маблағи иловагии 1 миллион доллари захираи ташаббусҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CACI) бо мақсади дастгирии имкониятҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ҳангоми гузаронидани тафтишот ва боздошти нашъаҷаллобон ҷудо хоҳад кард. Маблағи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва воҳидҳои мансуб ба CACI дар Ҷумҳурии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя кӯмак мекунад. Ҳукумати ИМА дар чаҳорчӯбаи ин барнома бунёди инфрасохтор , таъмини таҷҳизот ва кӯмакҳои техникӣ, баргузор намудани омӯзишҳо пешбинӣ шуда, фаъолияти АНМН ва воҳидҳои махсуси онро дастгирӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






