Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Октябрь 5, 2012 17:51

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир ПутинНамояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма, ҳонумҳо ва ҷанобон!Ман бо хушнудии том Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путинро самимона шодбош мегӯям.Сафари расмии Сарвари давлати Русия дар зимни 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои мо сурат мегирад.Мо дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва тафоҳуми комил баргузор гардиданд, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиро амиқан баррасӣ намудем, мавқеи тарафайнро дар бобати рушди минбаъдаи ин муносибатҳо арзёбӣ кардем.Натиҷаҳои музокирот дар санади муштараки сиёсӣ ифода ёфтаанд. Ин санад ҳамчунин тадбирҳои марбут ба рушди самтҳои калидии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро барои ояндаи наздик ва иқдоми моро дар ҳамгароӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муайян менамояд. Мехостам ба таври мухтасар ба масоили зерин ишора намоям: Мо суръати рушди ҳамкории ду давлатро баррасӣ карда, перомуни густариши ҳарчи бештари тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Русия изҳори ақида намудем.Ба кӯшишҳои муштарак дар роҳи таҳкими робитаҳои сиёсӣ низ ишора шуд. Ҷанбаи асосии музокиротро масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо ташкил доданд. Дар ин самт мо тасмим гирифтем, ки барои тавсеаи асосҳои иқтисодии муносибатҳои мутақобила мутобиқан бо сатҳи ҳамшарикии низомиву сиёсӣ муштаракан саъю талош намоем. Ҷонибҳо дар бораи ҳалли созандаи масъалаҳои мубрами гидроэнергетикии минтақа дидгоҳҳои хешро баён карданд. Дар ин робита зарур мешуморам, то бори дигар таъкид намоям, ки Тоҷикистон тибқи Оинномаи СММ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳаққи мусаллам дорад, то аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла захоири гидроэнергетикии худ ба манфиати тамоми мардум истифода кунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо соҳаи гидроэнергетикаро тараққӣ дода, фақат манфиатҳои худро дар назар дошта бошем.Тоҷикистон дар муносибатҳои худ ҳамеша мавқеъҳои риояи мувозинати оқилонаи муносибатҳои миллию минтақавиро ба инобат мегирад. Ин асоси амалҳои мо қарор дошта ва мо ният дорем, ки ин амалро дар оянда ҳам пеш гирем. Мо дар ин росто борҳо ташаббусҳои минтақавию ҷаҳониро дар мавриди об роҳандозӣ намудем, ки қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии ҳамкории об» эълон кардани соли 2013 идомаи мантиқии онҳо мебошад. Мо умедворем, ки ин сол заминаи воқеии муколамаи судманду ошкоро аз рӯи масоили мубрами об дар ҳамаи сатҳҳо мегардад. Дар мавриди масъалаҳои дигари рӯзномаи мулоқот бояд гуфт, ки ба манзури таҳким бахшидани ҳифозати иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ мо дар бораи вақтҳои наздик ба таври мусбат ҳал намудани масъалаи тамдиди мӯҳлатҳои бақайдгирии муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамчунин эътибори иҷозатномаҳои онҳо барои кор аҳду паймон намудем. Мо ҳамчунин дар мавриди бидуни пардохти боҷҳои интиқолӣ дар ҳаҷми истеъмоли дохилии Тоҷикистон аз Федератсияи Русия ба ин ҷо овардани маҳсулоти нафт созиш ба даст овардем. Ба истифодаи пурраи нерӯи равобити фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳи хоса дода шуд. Тоҷикистон ва Русия дар масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ ҳам пеш рафтанд. Мо дар мавриди он ҳамфикр будем, ки ҳамкории зич дар ин самтҳо ҷавобгӯи манфиатҳои стратегии ҷонибҳо буда, ба таҳким бахшидани суботу амнияти минтақа мусоидат мекунад.Маҷмӯи нави ҳуҷҷатҳо аз рӯи ин падидаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи мақому шартҳои буду боши пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.Мутобиқи онҳо, ҷониби Русия масъалаҳои такмилу таҷдиди техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва бо намудҳои муосири аслиҳа мустаҳкам гардонидани заминаи моддию техникии онҳоро ба ӯҳдаи худ мегирад.Ҷониби Русия ҳамчунин дар тайёр намудани кадрҳо дар ин соҳа ва инчунин аз дигар ҷиҳатҳои таҳкими қобилияти мудофиавии Тоҷикистон кӯмаки худро мерасонад. Дар рафти гуфтушунид мо оид ба ҷанбаи густурдаи масоили рӯзмарра ҳусни тафоҳум кардем, аз ҷумла дар бобати мавзуоти Афғонистон. Ҳангоми баррасии мавзуъ оид ба ҷалби фаъоли Афғонистон ба равандҳои ҳамкории минтақавӣ назари ягона доштем. Зикр гардид, ки ин ба паст гардидани оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии дохил шудани кишвар ба марҳилаи гузарандаи ҷадиди рушди мустақили он мусоидат мекунад. Ҷонибҳо мувофиқати комил ё наздикии дидгоҳҳоро оид ба аксарияти томи масоили минтақавиву ҷаҳонӣ муқаррар карданд. Дар фарҷом мехостам аз гуфтушунидҳои ба вуқуъ пайваста изҳори қаноатмандии амиқ кунам. Ман муътақидам, ки ташрифи расмии Сарвари Русияи дӯст саҳифаи ҷадидро дар таърихи ғании муносиботи ин ду давлат боз менамояд.

Октябрь 5, 2012 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад