Кӯмак ба оилаҳои камбизоат
Хоруғ, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташриф ба Куҳистони Бадахшон аз маркази маъмурии навбунёди ноҳияи Шуғнон — шаҳраки Ваҳдат боздид ба амал оварда, бинои дуошёнаи филиали ноҳиявии «Тоҷиксодиротбонк» — ро ифтитоҳ намуд ва ба роҳбарияти бонк дастур дод, ки ба 1300 оилаи камбизоати ноҳия кӯмаки башардӯстона расонанд ва хатнатӯйӣ кӯдакони ин хонаводаҳоро доир намоянд.Ин дастури Сарвари давлат ба иҷро расид. Ҳар як оилаи камбизоат бо шаш намуд маводи ғизоӣ: орд, равған, биринҷ, шакар ва дигар анвои хӯрокӣ ба миқдори 115 килограммӣ таъмин шуд. Сокинони деҳоти ноҳия барои ин кӯмаки беғаразона ҳамчун ғамхории давлат дар ҳаққи эҳтиёҷмандон ба Президенти кишвар ва роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» изҳори миннатдорӣ намуданд. Роҳбарияти бонки мазкур хатнатӯи 150 нафар писарбачаи ин ноҳияро бо шукуҳи хосса баргузор намуд. Кӯдакон ҳамчунин либос ва бозичаҳои зебо туҳфа гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






