Калонтарин чархаи НБО-и «Норак» дар Душанбе

Октябрь 17, 2012 10:44

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ.- Субҳи имрӯз тақрибан соати 06-30 дақиқа аз тариқи бузургтарин ҳавопаймои ҷаҳон- «Антонов 225, Мариа» аз шаҳри Харкови Украина чарха ва дигар қисмҳое, ки барои иваз кардани агрегат заруранд, ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд. Ин таҷҳизот, ки 150 тонна вазн дорад, пагоҳ ба неругоҳи барқи обии «Норак» мерасад. Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт: «Ин таҷҳизот, чархаи кории як агрегат ва қисмҳои эҳтиётӣ барои дарбанди куррашакли гидроагрегати рақами 8-и НБО «Норак» заруранд». Ёдрас мекунем, ки ин чархаи 3-юми неругоҳи «Норак» аст, ки вориди Душанбе шуд, қаблан 2 чархаи дигарро низ иваз карда буданд.  Таҷҳизоти мазкур ба маблағи 4 миллион доллари амрикоӣ харид шуда, ба миқдори 879 ҳазор доллар аз тариқи ҳавопаймои «Антонов 225, Мариа» ба кишвар оварда шуд. Роҳбарияти «Барқи тоҷик» мегӯянд:: онҳо ин маблағро аз ҳисоби ширкат масраф кардаанд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд: ин чархаи овардашуда аз ҷиҳати нишондодҳои техникӣ боэътимодтар мебошад, гузашта аз ин як бартарии дигараш дар он аст, ки чархаҳое, ки имрӯз дар нерӯгоҳ кор мекунанд, иқтидори истеҳсоли 345 мегаватт барқро доранд, аммо иқтидори ин чархаи нав 10 мегаватт зиёдтар аст. Ёдрас мешавем, ки агрегати аввали нерӯгоҳи «Норак», ки 70 фисади барқи ҷумҳуриро тавлид мекунад, соли 1972 ба кор андохта шудааст. Роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, феълан муҳлати кори ҳамаи он таҷҳизоти асосӣ: гидрогенератор, трансформаторҳо ба охир расидаанд ва давраи таҷдиду таъмири онҳо расидааст. Раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт: феълан онҳо барои таҷдиди нерӯгоҳи «Норак» 120 миллион сомонӣ ҷудо кардаанд. Аммо, гуфт ӯ, умуман барои таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Норак» зиёда аз 400 миллион доллари амрикоӣ зарур аст, вале барои ёфтани ин маблағ вазъияти молиявии ширкати «Барқи тоҷик» имконият намедиҳад. Ба ин хотир онҳо кӯшиш доранд, ки аз хориҷа сармоягузоронро ҷалб намоянд.

Октябрь 17, 2012 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад