Кишоварзӣ соҳаи рушдкунанда

Октябрь 25, 2012 08:20

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маълумоти омории солҳои охир маълум мегардад, ки соҳаи кишоварзӣ дар ҶТ сол то сол рушд мекунад ва Тоҷикистон чун кишвари кишоварзӣ даҳҳо навъи зироатҳои ғалладона ва лӯбиёӣ, сабзавоту полезӣ ва меваю ангур истеҳсол мекунад. Рақамҳои ҷамъбастии ҳарсола бозгӯи онанд, ки аз соли 2006 то соли 2011 истеҳсоли ғалладона ва лӯбиёӣ аз 912 ҳазор тонна (соли 2006) ба 1 млн. 261 ҳазор тонна (соли 2011), картошка аз 573 ҳазор тонна (соли 2006) ба 863 ҳазор тонна (соли 2011), сабзавот аз 759 ба 1 млн. 242 тонна (соли 2011), мева аз 208 ба 263 ҳазор тонна ва ангур аз 107 ба 154 ҳазор тонна расонида шудааст,- иброз доштанд дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ин дар мавридест, ки нархҳо ҳам сол то сол 1-2 баробар боло мераванд, бахусус дар рӯзҳои иду ҷашнҳо.Ба иттилои манбаъ, танҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 кишоварзони ҷумҳурӣ ба маблағи 11 млрд.323 млн. сомонӣ (бо нархҳои ҷорӣ) маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 9,8 фоиз зиёд аст.Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои вилояти Хатлон ба 5 млрд.984 млн. сомонӣ, вилояти Суғд ба 3 млрд.57 млн. сомонӣ, ВМКБ-236 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млрд. 44 млн сомониро ташкил додааст, ки худдалели рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Октябрь 25, 2012 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад