Кушта шудани як тоҷикистонӣ дар Маскав
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 11 октябри соли равон, дар наздикии шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Аҳтамшо Шарифов пайдо гардид.Аз хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки пеш аз пайдо шудани ҷасад, Додихудо Назаров, як тан аз пайвандони марҳум, ба Сафорат муроҷиат намуда, дар бораи чанд рӯз пеш нопадид шудани додарарӯсаш Аҳтамшо хабар дода буд ва номбурда аз ҷониби кормандони Сафорат мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт. Аҳтамшо Юсуфович Шарифови 24 сола зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, бошандаи деҳаи Наврӯзи ҷамоати Озодагон мебошад.Дар ҳоли ҳозир, корҳои тафтишотӣ аз сӯйи мақомоти дахлдори кишвари иқомат, аз ҷумла бахши тафтишотии Раёсати тафтишотии ҳавзаи маъмурии шимолу шарқи шаҳри Маскави Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия идома дорад.Мавзӯъ мавриди пайгирии ҷиддии сафорат қарор гирифта, иттилои бештар дар ин замина дар фурсатҳои наздик пас аз рӯшан шудани ҷузъиёти ҳодиса пахш хоҳад шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






