Маҳсулоти нави «Гулистон»

Октябрь 23, 2012 11:17

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ки аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар як қатор корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот рӯи кор оварда шудааст.Мувофиқи суханони манбаъ, дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ёқут — 2000» мутобиқи талаботи бозори дохилӣ ва фармоишоти инфиродии сохторҳои қудратии Тоҷикистон коргоҳи дӯхти хаймаҳои аскарӣ ба кор андохта шуд.Дар фабрикаи дӯзандагии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Гулистон» истеҳсоли хилъатҳои ҷарроҳии тиббӣ ба роҳ монда шуд, ки пештар ин маҳсулот аз кишварҳои дигар харида мешуд. Ғайр аз ин корхонаи инфиродии «Раҳимов» дар заминаи корхонаи дӯзандагии «Фирӯз» ба дӯхти либосҳои варзишӣ шурӯъ намуд.

Октябрь 23, 2012 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд