Мардуми Суғд: «Ин рӯзро орзу мекардем»

Октябрь 27, 2012 11:51

Шаҳристон, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ) — Имрӯз, 27-уми октябр нақби мошингарди «Шаҳристон», ки дар доираи лоиҳаи таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ ба нақша гирифта шуда буд ва сохтмони он беш аз 6 сол тӯл кашид, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин рӯзи дарвоқеъ таърихӣ шодӣ ва ҳиссиёти гуворои мардуми кишвар, аз ҷумла аҳолии вилояти Суғд ва водии Зарафшонро ҳадду канор нест. Зеро ба қавли бархе аз мӯйсафедони рӯзгордида, ки бо истифода аз фурсат бо эшон ҳамсӯҳбат гардидем, орзуи дар чаҳор фасли сол бидуни мамнӯъият ба қисмати ҷануби кишвар сафар карданро ҳанӯз падару бобоёнашон дар дил мепарвариданд. Мақсуд Ҳалимов – як тан сокини 67- солаи ноҳияи Шаҳристон дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Соли 1983 бародари ман ҳангоми сафар ба сӯи пойтахт дар ағбаи «Шаҳристон» зери тарма монда бо ҳамин бедарак шуд. Ман дар 67 соли ҳаёти худ шоҳиди чандин ҳодисаи марги одамон дар ин роҳҳо будам. Мо, мардуми вилояти Суғд ҳамавақт орзу мекардем, ки рӯзе расаду тунелҳо бунёд шаванд, то мардум аз ин хатарҳо наҷот ёбанд. Бовар кунед, имрӯз барои мо рӯзи фаромушнашавандаву таърихист. Мо аз роҳбари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз замин то осмон миннатдорем ва ҳамавақт дуо мекунем, ки Тоҷикистони азизамон ободу пешрафта бошад» Бояд гуфт, ки аз бунёди нақби «Шаҳристон» аз ҳама бештар мардуми водии Зарафшон (навоҳии Айнӣ, Панҷакент ва Куҳистони Мастчоҳ) шод гардиданд. Зеро то мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Истиқлол», ки он ҳам бо шарофати истиқлолияти кишвар ва ҳамдастии ҷониби Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёд гардид, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барояшон ҳам сафар кардан ба пойтахти кишвар ва ҳам маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд имконнопазир буд. Аз ин лиҳоз, дар ҳолатҳои зарурӣ намедонистанд ба кадом ҷониб рӯ оранд. Сулаймон Рашидов – сокини ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбат бо мо аз он айём ёдовар шуд: «Ҳар кас, ки қадри неъматҳои замони истиқлолиятро намедонад, ӯ ношукру носипос ва кӯрнамак аст. То соли 2006, яъне то кушодашавии тунелли «Истиқлол» дар фасли зимистон мо дар як ҳолати ногувор қарор мегирифтем. Беморҳои вазнинро намедонистем ба куҷо барем, чунки роҳ аз ҳар ду тараф, ҳам тарафи Душанбе ва ҳам тарафи Хуҷанд банд буд» Чун раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз ин рӯ ҷиҳати расидан ба ин мақсади олӣ бо ташаббуси роҳбарияти олии кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои муҳиме рӯи кор омадаву татбиқ мегарданд.  Рӯзи 27- уми октябр – санаи баистифодадиҳии нақби «Шаҳристон» ҳаргиз аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд, зеро ҳамагон ин санаро солҳо боз мунтазир буданд.

Октябрь 27, 2012 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд