Муҳокимаи вазъияти муҳоҷират

Октябрь 15, 2012 10:04

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар Қирғизистон ҷаласаи 12 -уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷаласаи 11 – уми Шӯрои оид ба сиёсати муҳоҷирати назди Кумитаи ҳамоҳангсозии ҳамкории иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷират, дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев аз рӯи масъалаи вазъияти муҳоҷират дар давлатҳои аъзои Иттиҳод сухан кард. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин масоили татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ва Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ дар бахши муҳоҷиратро мавриди муҳокима қарор доданд.Аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Октябрь 15, 2012 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд