Мулоқоти Э.Раҳмон бо Ҳ.Карзай

Октябрь 17, 2012 08:14

Душанбе, 17 октябр (АМИТ «Ховар»).- 16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кувайт бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.Сарони ду давлат зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ бори дигар таъкид намуданд, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон дар масири Румӣ – Шерхон Бандар – Қундуз ва тамдиди он ба самтҳои Мазори Шариф – Отамурод, Мазори Шариф – Ҳирот ва лоиҳаҳои бунёди хатти барқии КАСА-1000, гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ ва ғайра.Бо ишора ба зикр гардидани ин лоиҳаҳо дар Эъломияи Конфронси душанбегии РЕККА-5 изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳеҷ монеае барои татбиқи онҳо нахоҳад буд.Ҳарду ҷониб омодагии худро ба рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла барои ба имзо расондани лоиҳаи созишномаи дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон таъкид намуданд.Аз ҳамкории босамари миёни сохторҳои марбути ду давлат дар соҳаҳои амният ва мубориза бо гардиши маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба анҷоми пурраи истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳабсхонаҳои Афғонистон ва баръакс шаҳрвандони афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳалли худро дар наздиктарин муҳлат меёбанд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар карда шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба анҷоми пурраи истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳабсхонаҳои Афғонистон ва баръакс шаҳрвандони афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳалли худро дар наздиктарин муҳлат меёбанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд

Октябрь 17, 2012 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад